Доктор Абдуллоҳ гуфт, натиҷаи даври 2-и интихоботи Афғонистонро қабул надорад
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади даври дуюми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, дар саҳифаи Фейсбукаш эълон кардааст, дигар натиҷаи ниҳоии интихоботи кишварашро қабул надорад. Ӯ гуфтааст, Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон замоне ба шуморидани раъйи мардум машғул аст, ки нозиронаш дар эътироз ба тақаллубкорӣ ба ситодҳои худ баргаштаанд.
“Вақте дар набудани нозирони мо онҳо ба шумориши оро идома доданд, ин кори онҳоро қабул надорему нахоҳем кард. Мавқеи мо аз ин ба баъд ин аст, ки ҳар нав иҷрооте аз сӯи кумисюнҳои интихоботӣ сурат мегирад, барои мо ва мардуми Афғонистон ғайриқонунӣ буда, натиҷаҳои онро қабул нахоҳем кард”,-афзудааст ӯ.
Доктор Абдуллоҳ, ки дар саҳифаи Фейсбуки худ дар ин бора ҳарф задааст, мегӯяд, ҳукумате, ки дар натиҷаи тақаллубкорӣ сари қудрат меояд, назди мардуми кишвараш машруият надорад. Ӯ таъкид кардааст, “масъулияти ин бунбасти сиёсӣ ва паёмадҳои он бар дӯши кумисюнҳо ва ҳукумати Афғонистон аст.” Ба гуфтаи доктор Абдуллоҳ, ҳадди ақал дар 8 вилояти Афғонистон шумораи оро бештар аз теъдоди сокинони онҳо мебошад. Дар идома ӯ аз ҳамаи ҳаводорон ва ҷонибдоронаш талаб кардааст, дар тамоми масоил қавонин ва манофеи миллии сокинони Афғонистонро дар назар гиранд.
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон номзади пештоз ба шумор мерафт, бо соҳибии 43,7 дарсади оро дар даври дуюм бо Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки дар даври аввал 33,8 дарсади раъйро ба даст оварда буд, вориди рақобат шуд. Оқои Абдуллоҳ як рӯз баъд аз баргузории интихобот мақоми баландпояи Кумисюни интихоботи кишварашро ба тақаллубкорӣ муттаҳам кард. Ӯ гуфта буд, Зиёулҳаққ Амирхел, раҳбари дастгоҳи иҷроияи Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон талош кардааст, то варақаҳои истифоданашудаи раъйдиҳиро аз дафтари марказии ин кумисюн ба самти номаълуме интиқол диҳад. Оқои Абдуллоҳ аз мақомоти қудратии кишвараш хост, то Зиёулҳаққ Амирхел боздошт шуда, аз мақомаш барканор шавад.
Ҳамзамон ӯ аз намояндагони худ дар Кумисюни марказӣ ва вилоятии интихоботии Афғонистон давъат кард, ҳамкорӣ бо ин ниҳодро қатъ кунанду ба ситодҳояшон баргарданд. Доктор Абдуллоҳ таъкид карда буд, то ба дархости онҳо ҷавоби мусбат дода нашавад, ҳамкории худро идома нахоҳанд дод. Ӯ эълон дошт, ки худро барандаи даври дуюми интихоботи президентии кишвараш медонад. Бо ин ҳол, Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон хабар додааст, ки натоиҷи аввалияи давраи дуюм ибтидои моҳи июл ва натоиҷи ниҳоӣ 22 июли соли ҷорӣ эълон хоҳад шуд. Дар ҳоле ки тибқи иттилои Тулуъ Нюз, Кумисюни шикоятҳои интихоботи Афғонистон гуфтааст, то кунун 2 ҳазору 558 шикоят қабул кардааст.
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ 54 сол дошта, дар маҳаллаи Корти Парвони Кобул ба дунё омадааст. Модараш тоҷик ва падараш пашту мебошад. Соли 1984 донишгоҳи Кобулро дар риштаи тиб ба поён расонидааст. Дар ибтидо ҳамчун табиби муҷоҳиддин ифои вазифа карда, дар солҳои ҷанг бар зидди нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ вориди мубориза шудааст. Дар ин давра ӯ ба ҳайси сарпарасти беҳдошти Ҷабҳаи панҷшер ва баъдан ҳамчун мушовир ва ҳамкори Аҳмадшоҳи Масъуд то озодии Кобул хидмат менамояд. Вай аз соли 1993 то 1996 дар шаҳри Кобул раиси дафтар ва сухангӯи Вазорати дифои миллии Афғонистон буда, соли 1997 ба ҳайси муовини вазири умури хориҷии кишвараш баргузида мешавад. Соли 1999 раҳбарии ин ниҳодро бардӯш мегирад.