Тақозои Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон дар бораи Александр Содиқов
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз беному нишон шудани Александр Содиқов, унвонҷӯи боздоштшудаи Донишгоҳи Торонто нигаронӣ кардааст.
Дар ин изҳорот, ки рӯзи 20 июни соли ҷорӣ дастраси расонаҳо гардид, аз ҷумла омадааст, “намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷиҳати бедарак шудани Александр Содиқов, докторанти Донишгоҳи Торонто ва пажӯҳишгари Донишгоҳи Эксетер дар натиҷаи боздошти ӯ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 16 июни соли 2014, инчунин, ҷиҳати дастнорасии ахбор ба аҳли оила оид ба тансиҳатӣ ва макони боздошти ӯ изҳори нигаронӣ менамояд.”
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар талаб кардааст, то ахбори заруриро ба наздикони Содиқов бетаъхир пешниҳод намояд ва ҷиҳати вазъи боздошт ва бедаракшавии ӯ равшанӣ андозад.
Amnesty International: “72 соат гузашт. Александр Содиқов дар куҷост?”
Аз ин пештар, Amnesty International ё созмони Авфи Байналмилал бо нашри изҳороте аз хомӯшии мақомоти қудратии Тоҷикистон дар робита ба қазияи боздошти Александр Содиқов бо гузашти беш аз 72 соат ибрози нигаронӣ кардааст. Ин ниҳоди байналмилалӣ гуфтааст, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон мақомоти қудратии кишвар баъд аз гузаштани 72 соат ӯро озод ё ҷинояти эълоншуда бар муқобилашро муайян кунанд.
Созмони Авфи Байналмилал аз мақомоти қудратии тоҷик талаб кардааст, ҳарчӣ зудтар макони будубоши Содиқовро эълон карда, дар бораи вазъи саломатии ӯ ба пайвандонаш хабар диҳанд. Ҳамзамон таъкид шудааст, Содиқов баъд аз гузаштани 72 соат аз замони боздошташ набояд барои дастрасӣ ба вакили мудофеъ мушкил дошта бошад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Freedom House ё Хонаи Озодӣ бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ба қазияи боздошти Александр Содиқов дар шаҳри Хоруғ равшанӣ андозад. Дэвид Крамер, президенти Хонаи Озодӣ, гуфтааст, “шеваи боздошти Содиқов ба одамрабоӣ монанд буда, ӯ бояд ба вакили мудофеъ дастрасӣ дошта бошад.”
Александр Содиқов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки наздиконаш ӯро унвонҷӯи Донишгоҳи Торонто ва мақомоти тоҷик "ҷосус" муаррифӣ мекунанд, рӯзи 16 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ ҳангоми суҳбат бо Алим Шерзамонов аз сӯи кормандони Кумитаи амнияти миллӣ боздошт гардид. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте боздошти Александр Содиқовро тасдиқ кардва гуфт, ӯ дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст.