Боздошти ҷавони 22-сола ба иттиҳоми кӯдакрабоӣ дар Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба иттиҳоми кӯдакрабоӣ як сокини 22-солаи ноҳияи Турсунзода боздошт шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод ба мақомоти пулиси ноҳияи Турсунзода, шаҳрванд Зулфиқорова Гулрухсори 26-сола муроҷиат намуда, арз доштааст, ки рӯзи 17-уми июн аз назди бинои истиқоматиашон духтараш Ясминаи 2-сола гум шудааст.
Манбаъ ҷузъиёти қазияро шарҳ надода, меафзояд, ки феълан ба иттиҳоми кӯдакрабоӣ ҷавони 22-сола боздошт шуда, тафтишоти қазия идома дорад.