Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Ҷоми президенти Қазоқистон омода мешавад
Дар доираи омодагиҳо ба сабқати байналмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон-2014, ки ҷоизааш 20 ҳазор доллар аст, тими миллии наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ба Норак рафтааст.
Ба қавли Меҳроҷиддин Холов, менеҷери мунтахаби наврасон омодагиҳо то 22 июн идома хоҳад кард. Барои тамринҳо Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими миллии наврасон 24 бозигарро даъват кардааст.
Ҷоми президенти Қазоқистон-2014 аз 25 то 29 июн дар Остона баргузор мешавад. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гуруҳи “В” бо Испания, Эрон ва Озарбойҷон бозӣ мекунад.
Ҳайати U-16:
Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев (“Нури Норак”), Шаҳром Исмоилов (“Вахш”).
Ҳимоятгарон: Сироҷиддин Гулмуродов, Бахтиёр Ҳақназаров (“Нури Норак”), Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (“Истиқлол”), Абубакр Азимов (“Равшан”), Алишер Баротов (“Вахш”), Зоир Ҷӯрабоев (ССКА “Помир”), Фирӯз Ризомов (“Вахш”).
Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (“Вахш”), Ҳокимҷон Ҳасанов (“Энергетик”), Муҳаммадҷони Ҳасан (“Равшан”), Шаҳбози Шарифи (РШВСМ), Эҳсони Панҷшанбе (“Истиқлол”), Шараф Раҳимов, Илҳомҷон Бердиалиев (“Регар-ТадАЗ”), Суҳроб Муминов (“Энергетик”).
Ҳамлагарон: Собирҷон Гуляков, Рустам Толибов, Муҳаммадҷони Ҳасан (РШВСМ), Нуриддин Ҳамроқулов (“Вахш”), Шарафҷони Раҷабзод (“Хайр”).