VIDEO: Изҳороти аввалини Аҳтам Абдуллозода ва “насиҳат”-и вакилон
Ҳумайрои БАХТИЁР
Аҳтам Абдуллозода, раиси нави Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ҳамагӣ баъд аз як ҳафтаи таъин шуданаш ба ин мақом дар як ҷаласаи вакилони парлумон иштирок карда, ба баҳси онҳо дар бораи рушди ҷаҳонгардӣ ё туризм дар кишвар ҳамроҳ гардид. Абдуллозода дар ин “муҳокимаи парлумонӣ”, ки 18 июн доир ба барномаи “Рушди туризм барои солҳои 2010-2014” баргузор гардид, гуфт, “туризм дар баробари нафту газ як бахши сердаромад аст”.
ТУРИЗМ -- БАРОБАРИ НАФТУ ГАЗ?
Ба қавли раиси тозатаъини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, таҳлили мутахассисон нишон додааст, ки давоми чанд соли охир даромад аз бахши туризм дар муқоиса бо нафту газ ва автомобилсозӣ зиёдтар мебошад. “Ҳоло мақомот барои ҳавасманд кардани сайёҳони хориҷӣ фитта (диск) ва варақаҳои махсуси таблиғотӣ ба забони англисӣ чоп ва паҳн кардаанд”,-афзуд ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили ин ҳизб дар парлумон, гуфт, мақомоти давлатии дахлдор бояд ба сиёсати умумии рушди туризм дар кишвар машғул буда, заминаҳоро барои он фароҳам оваранд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин маврид Тоҷикистон метавонад худро бо Қирғизистон муқоиса бикунад. “Чаро сайёҳон бештар Қирғизистонро интихоб мекунанд? Фикр мекунам, сифат ва қимати хидматгузорӣ дар кишвари ҳамсоя назар ба мо беҳтар аст. Парвозҳо ба Бишкек арзонтар ва зиёдтаранд. Сайёҳон хеле роҳатталаб шудаанд. Онҳо мехоҳанд, биёянд ва дар фурудгоҳ варақаро пур карда, раводид (виза)-ро соҳиб шаванд. Ё ин ки мисли кишварҳои дигар 1-2 моҳ бидуни раводид гаштугузор намоянд”,-таъкид дошт оқои Кабирӣ.
Раиси ҲНИТ афзуд, мақомоти қирғиз барои рушди бахши туризм дар давлати худ низоми раводидро бо даҳҳо кишвари дигар қатъ кардаанд, аммо маълум нест, Душанбе дар ин маврид чӣ корҳоро анҷом медиҳад. Ин вакили парлумон гуфт, вақте як сайёҳ азми боздид аз Осиёи Марказиро дорад, қаблан тавассути интернет шароит, нарх, сифат ва осонии корро таҳлил карда, табиист, ки Тоҷикистонро интихоб намекунад: “Шумо, ки раиси ҷавон ҳастед, барои манфиати бахши бар уҳда доштаатон бояд бе ҳеч тарсу ҳаросе ба мақомоти дахлдор - Оҷонсии зиддимонополӣ, Вазорати умури хориҷӣ ва дохилӣ мактуб бифиристед. Маҷлиси Намояндагон ҳам кумак мекунад, то ин монеаҳои сунъӣ аз байн бардошта шаванд.”
РОҲБАЛАДОН ВА ЗАБОНИ ХОРИҶӢ
Аммо Лутфулло Саидмуродов, вакил ва раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони парлумон аз нарасидани мутахассисони забондон дар ин бахш изҳори нигаронӣ кард. Номбурда гуфт, дар Тоҷикистон 7 муассисаи таълимӣ роҳбалад омода мекунанд, ки онҳо ба талаботи бозори туристӣ ҷавобгӯ нестанд: “Таҳлилҳои мо нишон медиҳанд, ки дониши роҳбаладон ҷавобгӯ ба бозори меҳнат нест. Онҳо хидматрасонии хуб надоранд ва ҳадди ақалл як забони хориҷиро дар сатҳи хуб намедонанд.”
Саидмурод Лутфуллоев афзуд, дар муассисаҳои таълимӣ барои роҳбаладон соатҳои забони хориҷӣ кам буда, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин робита бояд ба Вазорати маорифу фарҳанг муроҷиат намояд.
ГАРОНӢ ДАР РОМИТУ ВАРЗОБ
Маҳмадшариф Низомов, вакили дигари парлумон, дар навбати худ изҳори таассуф аз он кард, ки мавзеъҳои атрофи Душанбе, ба мисли Ромиту Варзоб, ки қаблан яке аз маконҳои аслии туризми дохилӣ буд, тақрибан аз байн рафтааст. Сабаби аслии ба ин мавзеъҳо нарафтани шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷиро ин вакили парлумон дар гароншавии нархи он арзёбӣ намуд: “Ҷойҳои истироҳат ҳам дигар намондааст. Бо ин сатҳи даромад шаҳрвандони кишвар наметавонанд ба Варзоб ва Ромит барои истироҳат бираванд. Эҳтимол аз ҳазор нафар, танҳо як нафар имконият дошта бошад. Аксарият наметавонанд онҷо истироҳат кунанд, чун хеле гарон шудааст.”
Низомов аз Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пурсид, ки масъулин барои рушди туризми дохилӣ чӣ корҳоро рӯи даст гирифтаанд? Вале ин саволи вакили парлумон беҷавоб монд. Мирганд Шаҳбозов, муовини раиси парлумон, гуфт, Аҳтам Абдуллозода раиси тозатаъин аст ва ба ин савол бояд масъулони Вазорати молия ва Палатаи ҳисоб ҷавоб бидиҳанд.
ХОНАҲОВУ ЗАБОНҲОИ ҚАДИМӢ
Дар робита ба туризми дохилӣ Муҳиддин Кабирӣ гуфт, Тоҷикистон аз имконияти дохилии худ истифода намекунад. Ба бовари номбурда, дар кишвар этно-туризм бояд рушд дода шавад: “Хушбахтона, дар мо забонҳо, фарҳангҳо, одатҳои қавмҳо ҳифз шудаанд. Арзиши таърихӣ ва фарҳангии забонҳои помириву яғнобӣ ва дигар гӯишҳое, ки ҳаст, диққати даҳҳо ва ҳазорҳо мутахассисонро ҷалб мекунад. Онҳо мехоҳанд, фарҳанги мардумиро биомӯзанд. Мо бояд он манзилҳои қадимиро ҳифз кунем. Дар ин маврид ҷиддӣ бояд муносибат кард.”
Оқои Кабирӣ гуфт, он манзилҳои таърихие, ки дар баданаи кӯҳсор дар ноҳияи Айнӣ ҳаст, баъзеи онро мардум хароб карда мехоҳанд, то хонаҳои муосир бисозанд. "Вазорати фарҳанг ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бояд талош карда, соҳибони манзилҳоро барои ҳифзи он ҳавасманд кунанд",-афзуд ӯ. Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили ин ҳизб дар парлумон, изҳори нигаронӣ аз он кард, ки масъалаи рушди туризм кори танҳо як ниҳоди масъул нест: “Фарз кардем, ҳамаи мо медонем, ёдгориҳои таърихиро бояд ҳифз кард. Вале мо шаҳрвандони зинда дорем, ки онҳо дар худ фарҳанг, ҳунар, забон, мусиқӣ ва дигар санъатҳоро нигоҳ медоранд. Мо бояд ин хел шаҳрвандонро дастгирӣ кунем.”
Дар муҳокимаи парлумонӣ оид ба рушди туризм гуфта шуд, давоми панҷ соли охир 1 миллиону 200 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд.