Хоналӣ Қурбонзода узр пурсиду Ашӯргул аз "гуноҳ"-и ӯ гузашт
Хоналӣ Қурбонзода, мудири маорифи вилояти Хатлон, дар ҳузури роҳбарияти вилоят аз Ашӯргул Солеҳова (Шабафрӯз), хабарнигори нашрияи “Набзи Қӯрғонтеппа” барои дағалӣ узр маъзарат хоста, уҳдадор шудааст, минбаъд ба аъмоле, ки боиси ранҷиши шаҳрвандон мегардад, роҳ надиҳад.
Ашӯргул Солеҳова бо пахши як изҳорот гуфтааст, рӯзи 16 июн ба назди муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерова даъват гардид: “Дар он ҷо дар ҳузури дигар масъулин таъкид шуд, ки ин кор дар муносибату муоширати хизматчиёни давлатӣ бо аҳли қалам ва умуман, дилхоҳ корафтода қобили қабул нест. Сардори Раёсати маорифи вилоят Хоналӣ Қурбонзода таъкид карда шуд, минбаъд ба ҳолатҳое, ки боиси ранҷиши шаҳрвандон, бахусус рӯзноманигорон мегардад, роҳ надиҳад.”
Солеҳова мегӯяд, узри Хоналӣ Қурбонзодаро, ки дар назди роҳбарияти вилоят аз ӯ хостааст, қабул намудааст: “Ба қавле, дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ бахшидамаш.” Ин рӯзноманигор бо баёни миннатдорӣ барои дастгириҳо таъкид намудааст, минбаъд низ мунсифона ба иҷрои вазифаҳои касбияш машғул хоҳад шуд.
Қаблан Ашӯргул Солеҳова (Шабафрӯз), хабарнигори нашрияи “Набзи Қӯрғонтеппа”, бо ирсоли номаи шикоятӣ ба Давлатшо Гулмаҳмадов -- раиси Хатлон хоста буд, то нисбат ба мудири маорифи вилоят чора андешад. Ба қавли Солеҳова, Хоналӣ Қурбонзода борҳо ӯро дар байни мардум таҳқир намудааст. Солеҳова муаллифи се маҷмӯаи шеър бо номи “Қисматсарои миллатам”, “Пайғоми Хуросон” ва “Гули бодом” буда, соли 2013 ҷоизаи беҳтарин ходими адабиро аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар соҳиб шудааст.