Ашраф Гулов сарозер шудани се нафарро дар шахтаи лифт таҳқиқ кардааст
Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабари расонаҳои русӣ дар бораи афтидани се шаҳрванди тоҷикро дар шахтаи лифт дар Маскав таҳқиқ карда, муайян намудааст, зарардидагон тоҷик нестанд.
Дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон мегӯяд, нафаре, ки дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст, Гушкин Игор Леонидович ва маҷруҳшудагон Борзенко Сергей ва Тарабаших Василий буда, ягонтояшон шаҳрванди Тоҷикистон нестанд.
Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, 19-уми июн расонаҳои русӣ аз қавли манобеашон дар мақомот хабар доданд, ки се шаҳрванди Тоҷикистон дар бинои навбунёд дар маркази шаҳри Маскав ба шахтаи лифт сарозер шудаанд. Ба навиштаи расонаҳои Русия қазия дар кӯчаи Макеева соати 04:30 бо вақти Маскав рух додааст: “Яке аз афтидаҳо дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, ду нафарашон бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд.”
Аммо пулис ҳолату сабаби сарозер шудани ин шаҳрвандонро дар шахтаи лифт ифшо накарда, изҳор доштааст, ки тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.