Тазоҳурот ба ҷонибдорӣ аз доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Афғонистон
Садҳо нафар аз сокинони вилояти Кописои Афғонистон ба ҷонибдори аз иқдоми доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури ин кишвар даст ба тазоҳурот задаанд.
Таҷамуъгарони афғон мегӯянд, то ҷавоби мусбат гирифтани доктор Абдуллоҳ ба дарсхостҳояш аз Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон тазоҳуроти худро идома хоҳанд дод. Миёни тазоҳургарон намояндагони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва уламои дини вилояти кописо низ ҳузур доранд.
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар нишасти хабарии рӯзи 18 июни худ гуфт, ба раванди шумориши овозҳо хотима бахшида шавад, чун ба қавли ӯ, ин раванд шаффоф нест.
Доктор Абдуллоҳ аз намояндагони худ дар Кумисюни марказӣ ва вилоятии интихоботии Афғонистон давъат кард, ҳамкорӣ бо ин ниҳодро қатъ кунанду ба ситодҳояшон баргарданд. Ӯ таъкид кардааст, то ба дархости онҳо ҷавоби мусбат дода нашавад, ҳамкории худро идома нахоҳанд дод. Ӯ эълон дошт, ки худро барандаи даври дуюми интихоботи президентии кишвараш медонад.
Оқои Абдуллоҳ дар идома изҳор дошт, панҷ соли қабл ҳукумате, ки ба гуфтаи ӯ аз роҳи тақаллуб сари қудрат омада буд, натавонист, барои мардуми Афғонистон хидмате бикунад. “Ин ҳаққи мардуми афғон аст, ки бояд аз овозҳои худ дифоъ кунад. Дар ҳар гӯшаи Афғонистон тақаллубе сурат гирифта бошад, зиёни он ба ҳамаи мардуми кишвар хоҳад расид”,-таъкид дошт доктор Абдуллоҳ.
Давраи дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон рӯзи 14 июни соли ҷорӣ баргузор шуда, дар он ду номзад - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки дар даври аввал мувофиқан 43,7 ва 33,8 дарсади раъйро ба даст оварда буданд, вориди рақобат шуданд. Оқои Абдуллоҳ як рӯз баъд аз баргузории интихобот мақоми баландпояи Кумисюни интихоботи кишварашро ба тақаллубкорӣ муттаҳам кард. Ӯ гуфта буд, Зиёулҳаққ Амирхел, раҳбари дастгоҳи иҷроияи Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон талош кардааст, то варақаҳои истифоданашудаи раъйдиҳиро аз дафтари марказии ин кумисюн ба самти номаълуме интиқол диҳад. Оқои Абдуллоҳ аз мақомоти қудратии кишвараш хост, то Зиёулҳаққ Амирхел боздошт шуда, аз мақомаш барканор шавад.
Бо ин ҳол, Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон хабар додааст, ки натоиҷи аввалияи давраи дуюм ибтидои моҳи июл ва натоиҷи ниҳоӣ 22 июли соли ҷорӣ эълон хоҳад шуд. Дар ҳоле ки тибқи иттилои Тулуъ Нюз, Кумисюни шикоятҳои интихоботи Афғонистон гуфтааст, то кунун 2 ҳазору 558 шикоят қабул кардааст.