Шикояти як сокини Амрико аз набудани шароити намозхонӣ ба додгоҳ
Роберт Грин, як сокини мусулмони Филаделфияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз болои корфармои худ ба хотири набудани шароити намозхонӣ дар ҷои кор ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Ба навиштаи Ансар.ру, Грин ширкати амрикоии Whole Foodsро дар он муттаҳам кардааст, ки барои коргарони мусулмони худ ба хотири адои фаризаи динияшон шароит фароҳам намеорад.
Ин сокини мусулмони Амрико мегӯяд, ҳангоми хондани намоз яке аз ҳамкоронаш бар ӯ дарафтода гуфтааст, магар “инҷо ба ту масҷид аст!”, баробари ба раҳбарияти ширкат шикоят бурдан худи ӯро аз ҷои кор пеш кардаанд.
Ҳоло Роберт Грин аз додгоҳ хостааст, зарбаи равонии дидаи ӯ ҷуброн шуда, алайҳи раҳбарияти ширкат қарори судӣ содир шавад, то минбаъд барои коргарони худ шароити мусоид барои адои фаризаҳои динияшон муҳайё кунад.