Ҳалокати ду нафар дар пайи суқути тайёраи ҷангӣ
Дар пайи суқути ҳавопаймои неруҳои ҳавоии Туркманистон инструктор ва як коромӯз ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора “Хроника Туркменистана” иттилоъ додааст.
Бино ба хабари манбаъ, ин ҷанганда аз фурудгоҳи ҳарбии Мари-2 бо ҳадафи анҷоми парвозҳои тамринӣ баланд шуда, рӯи як манзили истиқоматӣ афтидааст. Аммо бархе манобеи дигар маҳалли суқути онро қумзоре дар наздикии шаҳри Мари гуфтаанд. Бо ин ҳол, ВАО-и расмии Туркманистон дар ин маврид хабаре пахш накардааст.