ВИДЕО: 28 июн рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон эълон шуд
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво, эълом кард, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон субҳи 28 июн оғоз меёбад. Ҳоҷӣ Неъматуллоҳ, як масъули Шӯрои уламо дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ҷаласаи рӯзи 18 июни Шӯрои уламо ин сана дақиқ гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар пайи ин ҷаласаи шӯро нисоби закот низ муайян карда шудааст. Ба гуфтаи Абдулқодирзода, нисоби закот 2 ҳазору 175 доллар, баробар ба 10 ҳазору 875 сомонӣ буда, ҳаҷми садақаи фитр сари ҳар нафари афроди хона 4 сомониро ташкил медиҳад: "Афроди соҳибнисоб бояд дар ҳаҷми 272 сомонӣ закот диҳанд."
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.