Хитоби "Абу Холиди Кӯлобӣ" ва назари Шерхон Салимзодаю Рамазон Раҳимзода
Дар интернет навори видеоии наве роҳ ёфтааст, ки дар он як ҷавони тоҷик бо номи Абу Холиди Кӯлобӣ, муқими Сурия, аз таҳти фишор қарор гирифтани волидайну наздиконаш дар Тоҷикистон нигаронӣ кардааст.
Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, падару модарони онҳо ба хотири ҳузури фарзандонашон дар Сурия замоне таҳти фишор қарор мегиранд, ки гӯиё бар асоси қавонини ҷории Тоҷикистон волидайн ҳаққи дахолат дар умури фарзандашро баъд аз ба балоғат расидан надоранд. “Онҳо мегӯянд, рафтани фарзандони синнашон аз 18 поин ба масҷид манъ аст, агар маҷбур кардӣ барои рафтани онҳо аз “Родительское права” – ҳаққи падарӣ ё модарӣ маҳрум мешавӣ ва чун ба ба 18, ки расид, мегӯянд, фарзандат бузург шудаасту дар ихтиёри ту нест. Ҳоло имрӯз бародарони мо ба сарзамини Шом меоянду давлати Тоҷикистон сари падару модарҳои онҳо фишор меорад. Ин чӣ хел мешавад, мегӯед, ҳаққи дахолат дар кори фарзандро надореду ҳоло боз фишор меоред”,-мегӯяд Абу Холиди Кӯлобӣ.
Ин ҷавони тоҷик дар хитоб ба масъулони ҳукумати кишвар мегӯяд, “Шумо даррав эълон мекунед, ки 190 нафар ҳасту се кас шаҳид шудааст. Инҷо ба фаҳмиши ман 500 – 600 нафар ҳузур дораду дар ҳар ҳамла 20 – 30 нафар бародарони тоҷикистонӣ кушта мешаванд.”
Дар ҳамин ҳол, Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, сабаби асосии гароиши ҷавонони тоҷикро ба ҷангҳои хориҷию ҳаракатҳои ифротӣ таълимоти нодурусти динӣ донист. Салимзода 19 июн дар доираи конфронси "Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ" ба хабарнигорон гуфт, одатан зархаридони тоҷик, ки дар ҷангҳои хориҷӣ иштирок мекунанд, дар назди шахсони алоҳида таълими динӣ гирифта, баъдан дар кишварҳои дигар ба монанди Афғонистону Покистон идома медиҳанд.
Додситони кулл афзуд, асосан зархаридони тоҷик ба ҳаракатҳои ифротӣ дар Афғонистон, Покистон, Эрон ва Русия мегараванд: “Сабаби асосии ин ҳама содагии ҷавонони тоҷик аст, ки шуурнокию ҷаҳонбинии ташаккулёфта надоранд. Бор кардани ақидаҳои ифротӣ ба чунин ҷавонон осон аст.”
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ сабаби асосии гароиши ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротиро дониши нокофӣ ва таълимоти нодурусти динӣ гуфта, афзуд, мақомоти зертобеаш барои ҷилавгирӣ аз ин раванд чораандешӣ дорад: “Мо дар асоси қонун зидди ин раванд мубориза мебарем, боздошт мекунему безарар мегардонем.” Ӯ таъдоди тақрибии зархаридони тоҷикро дар хориҷи кишвар ҳудуди 200 нафар арзёбӣ намуд.