Тағйироти кадрӣ дар Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон
Дар остонаи хуруҷи нерӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш аз хоки Афғонистон дар Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии кишвар тағйироти кадрӣ сурат пазируфтааст.
Ҳабибулло Сафаров, ки қаблан муовини аввали сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ буд, ба ҳайси сардори Сарситоди нерӯҳои марзбонӣ таъин гардида, Раҷаб Маҳмадалиев сардори Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ оид ба разведка ва Маҳмад Ҷаъфаров сардори Раёсати корҳои тарбиявии ин ниҳод шудаанд.
Масъулони дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, ба вазифаҳои сардори маркази таълимии Пойтахт ва сардорони отрядҳои сарҳадии Регар, Панҷ, Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Мурғоб, Шаҳритус, Табошар, Дарвоз, Панҷакент, Лангар ва отряди таъиноти махсус кадрҳои дигар таъин гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 19 июн кадрҳои навро ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба фаъолияти софдилона, содиқона ва ба нафъи Тоҷикистон даъват кардааст. Ӯ бо зикри берун шудани нерӯҳои хориҷӣ аз хоки Афғонистон гуфтааст, масъулияти марзбонони тоҷик дар ин марҳила дучанд мегардад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар ин давра таҳдиду хатари терорризму ифротгароӣ ва гардиши маводи мухаддир метавонад, бештар шавад.