(ВИДЕО) Саймуъмин Ятимов: "Тоҷикистон майдони бозиҳои геополитикию идеологӣ шудааст"
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гуфт, вақтҳои охир кишвари мо майдони бозиҳои бузурги геополитикию идеологӣ шудааст.
Ӯ, ки рӯзи 19 июн дар конфронси "Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ" суҳбат мекард, афзуд, “баъзеҳо гоҳҳо, таъкид мекунам, гоҳҳо зери пӯшиши ташкилоти ғайридавлатӣ аз усулҳое истифода мекунанд, ки ба амнияти кишвари мо зарба мезананд.” Генерал Ятимов илова кард, “эҳтироми зиёдеро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мафҳумҳои демократӣ қоилем, аммо амнияти давлат воло аст.”
Саймуъмин Ятимов таъкид намуд, “барои ташкили давлатҳо садҳо ва ҳазорҳо сол зарур аст, аммо барои вайрону аз байн бурдани онҳо, тавре таҷрибаҳои охир нишон медиҳанд, чанд рӯзу моҳ кофист”. Раиси Кумитаи амнияти миллӣ афзуд, давлати Тоҷикистон наметавонад бе ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, сафоратҳо ва дигар ниҳодҳо фаъолияти самаранок дошта бошад, “аммо ба назар гиред, ки пеш аз ҳама манфиатҳои миллиро пеш хоҳем гузошт”.
“Ман сидқан бовар дорам, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, сарфи назар аз ҳизбу идеология дӯстдор ё патриоти ин миллату давлат аст. Мо наметавонем, бе ҷомеаи шаҳрвандӣ, сафоратҳо ва дигар ниҳодҳо кор кунем. Барои ҳамин, якҷоя бояд дар фазои дӯстӣ ин хонаамонро созем, ки ба манфиати ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бошад”,-гуфт Ятимов.