АМА ва Туркия дипломатҳои худро аз Ироқ ба ватан хонданд
Аморати Муттаҳидаи Араб дар пайи нооромиҳои шадиди Ироқ Абдуллоҳ Иброҳим, сафири худ дар Бағдодро ба ватан фаро хондааст.
Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии АМА, ки рӯзи 18 июни соли ҷорӣ нашр гардид, аз ҷумла омадааст, “Ин ниҳод аз идомаи сиёсатҳои фирқагароёна ва бетаваҷҷуҳӣ ба ниёзҳои асосии мардуми Ироқ, ки боиси ҳаводиси охир дар ин кишвар шудааст, шадидан нигарон мебошад.”
Дар идома мақомоти АМА бо маҳкум кардани амалиётҳои террористии Ҳаракати “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” ва гуруҳҳои дигар, ки мунҷар ба ҳалокати садҳо сокини бегуноҳи Ироқ шудааст, гуфтаанд, роҳи ягонаи берун рафтан аз ин буҳрон даст кашидан аз сиёсати фирқагароёна мебошад.
Инчунин таъкид шудааст, ки АМА аз тамомияти арзӣ ва ҳаққи ҳокимияти Ироқ пуштибонӣ карда, ҳаргуна дахолати низомии кишварҳои хориҷӣ ба хоки онро рад мекунад. Аз сӯи дигар, Аҳмад Довуд Уғлу, вазири умури хориҷии Туркия низ ахиран эълон дошт, ки ба хотири таҳдидҳои амниятӣ кормандони консулгарии худ дар шаҳри Басраро аз хоки Ироқ берун кардааст. Ба гуфтаи ӯ, кормандони консулгарии Туркия дар Басра аз Ироқ ба Кувайт куч бастаанд.
Ин изҳороти мақомоти АМА дар бораи дахолати низомии кишварҳои хориҷӣ дар нооромиҳои ахири Ироқ дар ҳолест, ки ахиран ахиран Вашингтон гуфтааст, эҳтимол дорад, ба хотири ҳимоят аз ҳукумати Ироқ бо Теҳрон амалиёти низомии муштарак алайҳи Ҳаракати “Давлати исломии Ироқ ва Шом” хоҳад гузаронд. Аз сӯи дигар, Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи 16 июн аз сафарбар шудани 275 сарбози кишвараш ба Ироқ хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, Кохи Сафед ба хотири ҳимояти сафоратхона ва шаҳрвандони худ дар Ироқ ин сарбозонро фиристодааст.