Александр Содиқов дар бораи суҳбатҳояш бо Алим ва ҳукумату шабакаҳои Оқохон
Александр Содиқов, унвонҷӯи Донишгоҳи Торонтои Канада, ки ба иттиҳоми ҷосусӣ баъд аз зуҳри 16 июн дар Хоруғ боздошт шуда буд, шоми 18 июн тариқи шабакаи телевизиони маҳаллии Бадахшон баромад кардааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” сокинони маҳаллии Хоруғ хабар дода, афзуданд, Содиқов дар барнома дар бештар бораи суҳбатҳояш бо Алим Шерзамонов, ки солҳои 2013 ва 2014 сурат гирифтаанд, ҳарф задааст.
Алим Шерзамонов, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ ва раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, барномаро, ки бегоҳи 18 июн ва такроран субҳи 19 июн намоиш додаанд, тамошо кардааст: “Маълум буд, ки як чизи сохта ва Содиқов матни навиштаи кормандони мақомотро дар навор мехонд. Суханонашро қайчӣ карда, пахш намудаанд."
Содиқов аз қавли Шерзамонов изҳор доштааст, ки баъд аз нооромиҳои солҳои охир дар Хоруғ, мардум натанҳо ба ҳукумат, балки ба шабакаҳои Оқохон низ эътимод надоранд. Аммо Шерзамонов мегӯяд, бисёре аз суханҳои Содиқов, ки аз қавли ӯ баён шудаанд, аз воқеият дуранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар суҳбат бо Содиқов аслан аз коҳиши эътимоди мардум ба шабакаҳои Оқохон суҳбат накардааст.
Содиқов рузи 16 июн, ҳангоми суҳбаташ бо Алим Шерзамонов, боздошт шуд. Ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон , ба манфиати як кишвари хориҷӣ ҷосусӣ мекардааст. Аммо наздикону ҳамкорони Содиқов мегӯянд, ӯ як пажуҳишгар буда, ба Хоруғ барои таҳқиқи тирпаронии 21 майи соли ҷорӣ рафта, ҳадафаш рӯшан кардани мусолиҳаи мақомоту эътирозгарони Хоруғ будааст.