Сарозер шудани се шаҳрванди Тоҷикистон ба шахтаи лифт
Се шаҳрванди Тоҷикистон дар бинои навбунёд дар маркази шаҳри Маскав ба шахтаи лифт сарозер шудаанд.
Тавре расонаҳои русӣ аз қавли мақомот хабар медиҳанд, қазия дар кӯчаи Макеева соати 04:30 бо вақти Маскав рух додааст: “Яке аз афтидаҳо дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, ду нафарашон бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд.”
Аммо пулис ҳолату сабаби сарозер шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар шахтаи лифт ифшо накарда, изҳор доштааст, ки тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.