Дархости дахолати Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи сайтбандиҳо дар Тоҷикистон
Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон, бо ирсоли номае ба унвони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостааст, барои дастрас шудани шабакаи Ютуб (YouTube) мусоидат кунад.
Оқои Атоев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, нома рӯзи 18 июни соли ҷорӣ ирсол гардида, дар он баробари дастрасӣ ба Ютуб, аз раиси ҷумҳури кишвар хоҳиш шудааст, ба сайтбандиҳои ғайриқонунии 2 соли ахир хотима бахшида шавад. Номбурда иброз дошт, “беш аз як ҳафта боз дастрасӣ ба Ютуб дар Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти алоқаи кишвар масдуд гардида ва чунин амал боиси норизогии корбарони ин шабака шудааст”.
Қаблан ба “Озодагон” корбарони Интернет хабар дода буданд, ки боз кардани YouTube аз 9 июн тариқи ширкати Бабилон (Babilon), Билайн, Сатурн ва чандеи дигар имконнопазир шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта низ дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (YouTube) баъд аз нашри наворе аз лаҳзаҳои тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин шабака маҳдуд шуда буд.
Дар баробари ин, феълан дастрасӣ ба сомонаи "Озодагон", махсусан шакл ё варианти мобилии он, аз ҷониби Тоҷиктелеком, Телеком Технолоҷӣ ва чандеи дигар аз ширкатҳо маҳдуд мебошад. Инчунин, як ҳафта боз хонандагони Оҷонси иттилоотии “Тоҷнюз” ба сайти он дастрасӣ надоранд ва мақомот то ҳол иллати чунин сайтбандиро шарҳ надодаанд. Ширкатҳои мухобиротӣ танҳо бо ҳарфи он ки “кори мо нест”, аз ҷузъиёти қазия худдорӣ меварзанд.