ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ
Субҳи 19 июн мақомоти вилояти Суғд ба тахриб ё вайрон кардани бинои дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хуҷанд идома додаанд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, мегӯяд, “агарчӣ гуфтушуниди ҳайати мо бо мақомот шурӯъ шуд, аммо тахриб кардани бино идома дорад”.
Ба қавли мусоҳиби мо, ҷараёни вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ-ро намояндагони Шӯрои уламо дар шимоли кишвар ҳам назорат доранд. Вай афзуд, дар ҳамин ҳол, як гуруҳ аз сокинони шаҳри Хуҷанд алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, ки дар Суғд қарор дорад, эътироз кардаанд. Дар чанд наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, дида мешавад, як зан бисёр мехоҳад, бо намонядагони ҲНИТ аз наздик суҳбат кунад. Ӯ мегӯяд, гуфтаниҳои зиёде барояшон дорад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 18 июн, баъд аз суҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо муовинони раиси вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд, тахриби қароргоҳи ҲНИТ дар ин минтақа боздошта шуда буд. Сухангӯи ҲНИТ гуфта буд, ҷонибҳо ба натиҷае расидаанд, ки то музокироти 19 июн бино тахриб нашавад.
Мақомоти шаҳри Хуҷанд баъд аз зуҳри 18 июн ба вайрон кардани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд шуруъ карданд. Ба қавли онҳо, бар асоси нақшаи куллии маркази вилояти Суғд бояд қароргоҳи ҲНИТ вайрон шуда, дар ҷояш кабудизор бунёд гардад. Он замон Маҳмудҷон Файзраҳмонов гуфта буд, намояндагони сохторҳои давлатӣ барои вайрон кардани бинои дафтари онҳо қарори раиси шаҳри Хуҷандро пешниҳод кардаанд. Дар ҳоле ки ба қавли вакили мудофеъ, Файзиннисо Воҳидова, ин кор танҳо бо қарори додгоҳ имконпазир аст.
Чанд рӯзи қабл мақомоти Суғд бо ирсоли огоҳиномае аз масъулони дафтари ҲНИТ дар Хуҷанд дархост карданд, то биноро холӣ кунанд. Масъулини ҳукумат дар вилояти Суғд гуфта буданд, ки бинои дафтари ҲНИТ дар Хуҷанд бояд хароб ва ҷойи он кабудизор карда шавад. Вале баъдан, 17 июн, масъулони ҳукумат ва намояндагони бахши ҲНИТ дар Суғд ба мувофиқа расиданд, ки бинои ҳизб танҳо баъд аз мушаххас гардидани қимат ва ҷудо гардидани замин барои бунёди дафтари дигар тахриб карда мешавад.