Барканории Холназаров, домоди бародари президент ва таъини Ализода
Рӯзи 18 июн бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Баҳром Холназаров аз мақоми сафири кишвар дар Қазоқистон барканор гардида, ба ҷояш Ализода Назирмад таъин шудааст.
Баҳром Холназаров домоди бародари раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар гузашта роҳбарии раёсати консулии Вазорати умури хориҷии кишварро ба уҳда дошт. Вай тобистони соли 2007 сафири Тоҷикистон дар Қазоистон таъин шуда, дар ин мақом Акбаршоҳ Искандаровро иваз карда буд. То кунун дар бораи мақоми нав гирифтани оқои Холназаров хабар дода намешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷмуҳури Тоҷикистон, беш аз бист сол боз зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад ва ҳоло ду фарзанди ӯ -- Рустами Эмомалӣ ва Озодаи Раҳмон ба ҳайси раиси Хадамоти гумрук ва муовини вазири умури хориҷӣ кор мекунанд. Домоди раисиҷумҳур -- Ҷамолиддин Нуралиев ноиби аввали вазири молия буда, ширкати пулчинаки IRS дар роҳи Душанбе – Чаноқ низ ба ӯ марбут дониста мешавад. Иттилое, ки худи борҳо рад кардааст.
Як моҳ пештар домоди дигари раисиҷумҳур Ашраф Гулов консули сафорати Тоҷикистон дар Русия таъин гардид. Оқои Гулов қаблан дар Кумитаи андоз сардори раёсати аудити дохилии ин ниҳоди давлатӣ буд.
Ахиран Амируллоҳ Холов, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон шаҳрдори Қӯрғонтеппа таъин шуда, бародаронаш -- Ҳасан Асадуллозода раҳбарии “Ориёнбонк” ва Амонуллоҳ Саъдуллоев раиси бахши фурӯши барқ дар ширкати "Барқи тоҷик"-ро бар уҳда доранд.