Сели харобиовар дар Водиф ва шикоят аз бефаъолиятии ҳукумат
Селфароии зиёд дар деҳаи Водифи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, се нерӯгоҳи хурд ва 300 метр ҷуйборро тахриб карда, сокинонро бе барқ ва оби нӯшокӣ мондааст. Сокинони Водиф дар тамос ба “Озодагон” аз бефаъолиятии масъулини ҳукумат шикоят карданд.
Ҳикмат Аминов, сокини ин деҳа мегӯяд, пайомадҳои сели харобиовар, ки ҳанӯз шаби 12 ба 13 июн фаромада буд, то ҳол бартараф нашудааст: “Ҷуйбор вайрон шудааст ва ҳозир оби лойолуд аз пеши хонаи ман мегузарад. Чанд рӯз боз шабро дар берун рӯз мекунем, ки мабодо боз сел ояд.”
Ӯ афзуд, ки рӯзи омадани сел аз ҳукумати ноҳия омада, ҳамаи ҷоро тафтиш карданд, аммо то ҳол ягон корро амалӣ нанамудаанд.
Суҳроб Охунов, раиси ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ба “Озодагон” гуфт, феълан барои бартараф намудани зарари расонидашуда талош доранд: “Зарари расида ба се нерӯгоҳи хурд зиёда аз 65 ҳазор сомонӣ мебошад, ки он низ барқарор карда мешавад. Масъалаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи вилояти Суғд баррасӣ шуда, ҳоло 3 тонна сузишвории дизелӣ барои соҳилмустаҳкамкунӣ дар роҳ ба сӯи деҳа мебошад. Мо бояд аввал соҳилро мустаҳкам карда мардумро бо оби нушокӣ таъмин кунем. Баъдан нерӯгоҳҳое, ки аз он мардум барқ мегирифтанд, барқарор мекунем. Мушкилии кор дар он аст, ки барои бартараф намудани харобиҳо гузарондани корҳои таркишӣ зарур аст, ки он вақти зиёдтару таҳлили бештарро талаб мекунад.”
Ориф Нозимов, сардори дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки бар асари гармшавии ҳаво 12 июн, оби дарёи Водифи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ баланд шуда, зиёда аз 200 метр чуйбори деҳаро бо лой пур намуда, ба заминҳои хоҷагӣ низ зарар расондааст: “Айни ҳол ситод оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, барои бартараф намудани зарар кор карда истодаанд.”