Аслов ба Ҷидда рафт, то мавқеи Тоҷикистонро ба СҲИ равшан кунад
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи як сафари расмии дурӯза озими шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии ВУХ хабар дода, мегӯяд, сафари Аслов ба Ҷидда рӯзи 18 июн оғоз гардид. Ба иттилои манбаъ, ҳадафи бозди вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз Ҷидда иштирок дар нишасти 41-уми Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ мебошад.
Манбаъ мегӯяд, қарор аст, Сироҷиддин Аслов дар ин нишаст суханронӣ карда, мавқеи Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои аъзои Созмон Ҳамкории Исломиро равшан кунад.
Инчунин дар назар аст, вазири умури хориҷии кишвар бо бархе намояндагони кишварҳои аъзои СҲИ мулоқоти дуҷониба анҷом диҳад.