Изҳори нигаронии сафорати ИМА аз таҳдиди афсари ВКД-и Тоҷикистон
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе дар мавриди таҳдидҳои афсари раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ба ду вакили мудофеи ҳафтаномаи «Азия-Плюс» изҳори нигаронӣ мекунад.
Тибқи иттилои ин сафорат, амали мазкур дар сурати ҳақиқат доштанаш дар толори суд таҳаммулнопазир аст ва ин воқеа бояд таҳқиқ шавад то ин ки дахлнопазирии системаи адлияи кишвар нигоҳ дошта шавад. «Мо изҳороти ВКД оид ба ифтитоҳи таҳқиқи дохилиро ҳамчун як қадами мусбат арзёбӣ мекунем. Мо дафтари додситонро водор мекунем, ки ин таҳдидҳоро ҷиддӣ қабул кунанд, ҳаматарафа таҳқиқ намоянд ва такя ба хулосаҳои таҳқиқот, чораҳои лозимӣ биандешанд»,- омадааст дар баёнияи сафорати ИМА.
Ёдрас менамоем, Анвар Тағоймуродов, сардори пешини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД (алъон муовини вазири корҳои дохила) нашрияи "Азия-Плюс" ва муаллифи мақола
-- Рамзия Мирзобековаро барои паст задани шаъну шараф ба додгоҳ кашида ва 1 миллион сомонӣ ҷуброн хоста буд. Дар зимн, чанд рӯз қабл, Валихон Муллоев, сардори шӯъбаи Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфта -намояндаи Анвар Тағоймуродов дар мурофиаи додгоҳии нашрияи "Азия-Плюс" аст, ба гуфти вакилони мудофеъи нашрияи мазкур ба онҳо таҳдид карда буд. Аммо ин иддаоро ҷаноби Муллоев бепоя хонда, иттиҳомро рад карда буд. Баррасии парвандаи номбурда дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт идома дорад.