Суханҳои охирини Усмоналӣ ва Гулрафтор дар додгоҳи ҳарбӣ
Усмоналӣ Ғайратов, муттаҳам дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев, сарбози нерӯҳои марзбонӣ, 18 июн ҳангоми ироаи сухани охиринаш дар Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе гуфт, аз кори кардааш пушаймон мебошад. Ғайратов бо маъзаратхоҳӣ аз Шаҳболу волидонаш афзуд, дуо мекунад, то ӯ ҳар чӣ зудтар сиҳат шавад.
Ӯ дар посух ба суоли Шарафҷон Нарзуллоев, раисикунандаи мурофиа, ки ба ин кирдораш чӣ ҷазоро муносиб медонад, илова намуд, “ҳар ҷазоеро, ки қонуну додрас таъин мекунанд, қабул хоҳам кард”.
Гулрафтор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба бемасъулиятӣ муттаҳам мешавад, ҳангоми суханҳои охиринаш гунаҳкор будани худро эътироф намуда ва ӯ ҳам аз Шаҳболу наздиконаш узр пурсид. Дар пайи шунидани суханҳои охирини айбдоршавандаҳо раисикунандаи парванда -- Шарафҷон Нарзуллоев, барои қабули қарор ба хонаи машваратӣ рафт. Интизор меравад, қарори додгоҳ соати 11-и рӯзи 19 июн эълон мешавад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 16 июн намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе, хоста буд, то Усмоналӣ Ғайратовро ба 10 соли зиндон маҳкум карда ва 12 ҳазор сомонӣ (300 нишондиҳанда) ҷарима бандад. Додситон Дилшод Исломов рӯзи 16 июн дар додгоҳ баромада карда, гуфт, Ғайратов бар асоси моддаи 373, қисми 2, банди “д”-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста мешавад.
Оқои Исломов дар ин баромадаш, Гулрафтор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро, ба бемасъулиятӣ гунаҳкор донист. Ӯ аз додрас хост, фаъолияти Шириноваро дар ду соли оянда маҳдуд ва 15 дарсади маошашро ба ҳисоби давлат биситонад. Ба қавли додситон, шоме, ки Шаҳбол Мирзоев дар нуқтаи тиббӣ латту кӯб шуд, Гулрафтор Ширинова бояд навбатдорӣ мекард, аммо дар он ҷо набудааст.