Таассуфи Порошенко дар суҳбати телефонӣ бо Путин
Петр Порошенко, раисиҷумҳури Украина бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия суҳбати телефонӣ доштааст.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ зимни ин суҳбат масоили мубрами муносиботи Русия ва Украина ва эҳтимоли эълони оташбаш дар ҷанубу шарқи Украина баррасӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ Владимир Путин аз ҳалокати рӯзноманигорони Русия дар Луганск изҳори нигаронӣ намуда, таъмини амнияти хабарнигоронро зарур хондааст.
Порошенко дар ин робита изҳори ҳамдардӣ намуда, изҳор доштааст, ки қазияи марги рӯзноманигорон таҳқиқ хоҳад шуд.