Эълони натиҷаҳои интихоботи Афғонистон дар се марҳила
Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, натоиҷи давраи дуюми интихоботи раёсатҷумҳури кишварашро дар се марҳала эълон хоҳад кард.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар марҳалаи аввал 35%, дар марҳалаи дуюм 75% ва дар марҳалаи сеюм натоиҷи ниҳоиро эълон хоҳад кард. Масъулини ин комисюн бар инанд, ки эълон шудани натоиҷи интихобот дар се марҳала аз шафофияти натоиҷи интихобот далолат хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади пештози интихоботи давраи аввали раёсатҷумҳури Афғонистон дар суҳбат бо хабаргузории “Reuters” рақиби худ - Ашрафғанӣ Аҳмадзайро ба тақаллубкорӣ муттаҳам кардааст.
Аз сӯи дигар, ин номзади давраи дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон як рӯз баъд аз баргузории интихобот як мақоми баландпояи Кумисюни интихоботи кишварашро ба тақаллубкорӣ муттаҳам карда буд. Ба гуфтаи доктор Абдуллоҳ, Зиёулҳаққ Амирхел, раҳбари дастгоҳи иҷроияи Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон талош кардааст, то варақаҳои истифоданашудаи раъйдиҳиро аз дафтари марказии ин кумисюн ба самти номаълуме интиқол диҳад. Оқои Абдуллоҳ аз мақомоти қудратии кишвараш хоста буд, то Зиёулҳаққ Амирхел боздошт шуда, аз мақомаш барканор шавад.
Бо ин ҳол, Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон хабар додааст, ки натоиҷи аввалияи давраи дуюм ибтидои моҳи июл ва натоиҷи ниҳоӣ 22 июли соли ҷорӣ эълон хоҳад шуд. Дар ҳоле ки тибқи иттилои Тулуъ Нюз, Кумисюни шикоятҳои интихоботи Афғонистон гуфтааст, то кунун 2 ҳазору 558 шикоят қабул кардааст.
Давраи дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон рӯзи 14 июни соли ҷорӣ баргузор шуда, дар он ду номзад - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки дар даври аввал мувофиқан 43,7 ва 33,8 дарсади раъйро ба даст оварда буданд, вориди рақобат шуданд.