Муҷозоти нимҳимоятгари Истиқлолу бозигарони Равшан
Кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанберо аз ҳаққи ширкат дар се бозӣ маҳрум кард. Тавре торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, Фатҳуллоев “барои бо сараш ба рӯи ҳариф задан” дар бозии даври 8-уми чемпионати Тоҷикистон миёни “Истиқлол”-“Хайр”-и Ваҳдат, ки 14 июн баргузор ва 5:1 анҷом ёфт, муҷозот шудааст. Ҳамчунин, ӯ ба пардохти 800 сомонӣ ҷарима муваззаф гардидааст.
Ҳамчунин ин кумита Наврӯз Рустамов ва Саидхони Амрохон, бозигарони “Равшан”-и Кӯлобро барои дарёфти ду корти зард (дар дидори ССКА “Помир” – “Равшан” (15 июн), аз як бозӣ маҳрум ва 300 сомонӣ (ҳар кадом) ҷарима бастааст.