Uznews.net: ТВ-ҳои Узбакистон қоидаи пахши Ҷоми ҷаҳон-2014-ро вайрон мекунанд
Шабакаи телевизионии “Спорт 1”-и Русия гуфтааст, телевизионҳои Узбакистон ҳаққи бозпахши бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразилияро, ки вай намоиш медиҳад, надоранд.
Татяна Ковалчук, намояндаи шабакаи “СПОРТ 1” ба торнамои Uznews.net гуфтааст, шабакаҳои телевизионии Узбакистон ҳуқуқи онҳоро, ки иҷозатномаи пахши Ҷоми Ҷаҳон-2014-ро доранд, нақз мекунанд. “Онҳо на танҳо ҳаққи пӯшондани лого, балки умуман намоиш додани шабакаро надоранд”, -афзудааст ӯ.
Ба иттилои торнамо, бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футболро шабакаи “Спорт”-и Узбакистон намоиш медиҳад ва раҳбарони ин шабака тамоми қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳоро дар кишвар маҷбур кардаанд, ки барои пахши бозиҳо иҷозатнома бихаранд. “Барои он ки маъмурони қаҳвахона ва тарабхонаҳо аз хизматрасонии шабакаҳои моҳвораӣ истифода бурда натавонанд, операторони УзТВ ҳангоми пахши бозиҳо логотипи шабакаи “СПОРТ 1”-и Русияро бо ишораи “ГосТВ – uzHD” мепӯшонанд.
Ёдовар мешавем, рақобатҳои Ҷоми ҷаҳон-2014 аз 12 июн то 13 июл дар 12 шаҳри Бразилия идома хоҳанд кард.