Изҳороти роҳбар ва ҳамсари Александр Содиқов, муттаҳам дар “ҷосусӣ”
Ҷон Хизершоу, академики Донишгоҳи Эксетер, ки роҳбари илмии Александр Содиқов мебошад, иттиҳоми Кумитаи амнияти Тоҷикистон алайҳи шогирдашро беасос хондааст. Хизершоу бо нашри баёнияе дар саҳифаи Фейсбуки худ гуфтааст, Содиқов унвонҷӯи донишгоҳи Торонто буда, тариқи шартнома бо Донишгоҳи Экcетери Бритониё ба пажуҳиши таҷрибаи Тоҷикистон ҳангоми ҳалли низоъ машғул аст.
“Содиқов ахиран ба пажуҳиши ҳалли мусбати низои 21 май дар Хоруғ машғул буд ва зимни суҳбат бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон боздошт шудааст”,-навиштааст ӯ.
Мушарраф Содиқова, ҳамсари Александр, низ иттиҳом алайҳи шавҳарашро беасос хонда, таъкид мекунад, ки Содиқов олим аст ва бояд Тоҷикистон аз доштани чунин шаҳрванд ифтихор кунад. Ӯ дар саҳифаи Фейсбуки худ хостааст, нисбат ба тақдири шавҳараш бетарафӣ зоҳир нагардад ва аз Хизершоу даъват намудааст, ки тамоми маводи марбут ба фаъолити илмиро ба мақомоту расонаҳо пешкаш кунад, то шубҳаҳо дар бораи фаъолияти шавҳараш бартараф гарданд.
Содиқова навиштааст, Хизершоу дар лаҳзаи аввали боздошти Александр ба ӯ изҳори ҳамдардию ҳимоят карда, аммо феълан ӯро аз рӯйхати дустонаш дар Фейсбук лағв намудааст. Ин зан таъкид намудааст, дӯсти асосӣ дар вақти мушкилӣ зоҳир мегардад.
Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте боздошти Александр Содиқов, як сокини кишвар дар Хоруғро тасдиқ кард. Ин ниҳод дар изҳороташ гуфтааст, Содиқов дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ ба Хоруғ рафта будааст. Аммо гуфта нашудааст, ки кадом кишвари хориҷӣ.
Бар асоси иттилои Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон, Александр Содиқов зодаи шаҳри Панҷакент буда, муваққатан бекор аст. “Санҷиши пешакӣ нишон дод, Содиқов рӯзи 9 июн тавассути почтаи электронӣ аз ҷониби намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ, ки ҳамчун шахси мулкӣ таҳти пӯшиши муҳаққиқ муқобили Тоҷикистон фаъолияти тахрибкории разведкавӣ мебурд ва дар алоқаи охирин қарор дошт, барои вохӯрӣ даъват карда шуд. Вохӯрӣ рӯзи 10 июн аввал дар алоҳидагӣ ва шабона дар резидентсияи нафари аввали хадамоти махсуси он кишвар, ки ҳамчунон зери пӯшиши фаъолияти дипломатӣ амал мекунад, баргузор гардид. Аз охирин супориши конкретӣ ва маблағи пулӣ бо ҳисоби доллар барои иҷрои ин супориш дастрас кард”,-омадааст дар изҳорот.
Ин ниҳод мегӯяд, Содиқов баъд аз ин суҳбат вазифадор шуда буд, ба Хоруғ рафта, бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон дар Хоруғ ва дигарон дидору гуфтугӯ кунад. “Ҳангоми мулоқот аз Шерзамонов тибқи саволномаи тайёркардаи он намоянда, ки характери разведкавӣ дорад, маълумот дастрас намояд. Содиқов бар зарари оромиву суботи кишвар, мақсадҳои ғаразноки худро пеша намуда, бо мақсади иҷро намудани супориши гирифтааш ба шаҳри Хоруғ сафар карда, бо шаҳрванди Тоҷикистон Алим Шерзамонов, зода ва истиқоматкунандаи Хоруғ, вохӯрӣ ва мулоқот намуд. Мулоқоти Содиқов бо Шерзамонов дар асоси маслиҳати пешакӣ дар ҷои махсус таъиншудаи боғи марказии шаҳр, ба вуқӯъ пайваст ва ҳангоми аз охирин гирифтани маълумотҳои ғаразнок боздошт гардид”,-гуфта шудааст дар изҳороти Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон.
Аммо Алим Шерзамонов, раиси ҲСДТ дар Бадахшон, иддаои мақомот дар бораи ҷосусии Содиқовро рад карда, гуфтааст, ӯ барои таҳқиқи ҳодисаҳои ахири Хоруғ ба Бадахшон рафтааст. Ба қавли ӯ, Александр Содиқов ҳангоми суҳбат худро устоди Донишгоҳи Торонтои Канада муаррифӣ кардааст.