Як "ҳа" ва як "не"-и ҳукумати Суғд ба Ҳизби наҳзати исломӣ
Ҳукумати вилояти Суғд гуфтааст, дар сурати вайрон кардани бинои дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хуҷанд қимати онро пардохт хоҳанд кард. Ба қавли онҳо, қароргоҳи ҲНИТ дар Суғд бар асоси нақшаи куллӣ ё генералии шаҳри Хуҷанд бояд тахриб ва ҷояш кабудизор бишавад.
Дар ин бора Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, рӯзи 17 июн ба “Озодагон” хабар дода, гуфт, ҳоло ҳуҷҷату асноди қароргоҳашон дар ихтиёри ҳукумат гузошта шудааст, то арзиши бино ва макони дафтарро муайян созанд: “Мо дар ҳузури Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик бо намояндагони ҳукумати Суғд, аз ҷумла Абдуллоев - муовини раис, А. Ёдгоров - раиси идораи замин, Ниёзов – сармеъмор ва сардори Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд ба тавофуқ расидем.”
Ёқубов мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ҳукумати вилояти Суғд чи тавр тахриби бинои дафтари ҲНИТ дар ин минтақаро ҷуброн хоҳад кард: “Ҳоло ба мо нагуфтаанд, ба ҷои ин бино ягон иморати дигар медиҳанд ё замин. Вале муҳим ин ки мо ба тавофуқ расидему дафтари мо ҷуброн хоҳад шуд.” Раиси бахши вилоятии ҲНИТ дар Суғд мегӯянд, инчунин, намояндагони ҳукумати ин минтақа розигӣ додаанд, то ҷуброни бинои дафтар онҳо фаъолияти худро дар ин бино идома диҳанд.
Дар идома раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд аз он ибрози нигаронӣ кард, ки ҳукумати ин вилоят ба дархости дигари онҳо ҷавоби рад дода, онҳоро дар нақзи одоби сиёсат муттаҳам кардааст. Ёқубов мегӯяд, бахши вилоятии ҲНИТ қаблан бо ирсоли нома ба унвони раиси шаҳри Хуҷанд барои баргузории як чорабинияш бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ толор хоста буд, вале ба гуфтаи ӯ, масъулин ба онҳо ҷавоби рад додаанд.
Дар номаи ҷавобии У. Муродова, муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд ба дафтари ҲНИТ, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” гардид, аз ҷумла омадааст, "ба самъи Шумо расонида мешавад, ки тибқи барномаи қаблан тасдиқшудаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд як қатор чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ташрифи меҳмонҳо аз манотиқи гуногун ба шаҳр дар назар аст, бинобар ин дар санаҳои пеш аз ҷашнӣ ҷудо намудани толор ғайримкон аст."
Ҳамзамон дар ин номаи хонум Муродова ба масъулини ҲНИТ гӯшзад шудааст, ки онҳо дар номаи худ маҳфили худро “ҷашни умумимиллӣ” ном бурдаанд, ки ин ғалат мебошад: “Хотиррасон менамоям, ки таъкид дар мактуби Шумо вобаста ба он ки “ин чорабинии умумимиллӣ” мебошад аз доираи одоби сиёсӣ берун аст, зеро чорабинии умумимиллиро танҳо мақомоти салоҳиятдор Ҳукумати Тоҷикистон ба нақша гирифта, баргузор мекунад. Чорабинии Шумо бошад ин ташаббуси як ҳизби сиёсӣ буда, бо ҷалби дигар шахсон ва сохторҳои даъватшуда метавонад, баргузор шавад ва ҳамчун чорабинии ҳизбӣ бахшида ба ҷашни ваҳдати миллӣ арзёбӣ мешавад.”