Истиқбол аз тӯйи исломии тоҷикон дар зиндони Русия
Раёсати ислоҳии вилояти Твер аз барпо шудани тӯйи исломии ду шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндони рақами 6-и шаҳри Бежетск хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод навхонадорон баробари расмиёти қонунӣ хостаанд, ақди никоҳи исломӣ банданд, чун дар акси ҳол ҳаққи расидан ба якдигар надоранд.
Манбаъ мегӯяд, ақди никоҳи навхонадаронро намояндаи масҷиди ҷомеи Твер, Садриддин Тоҷиддинов бастааст.
Евгений Сергеев, муовини сардори зиндони рақами 6-и Бежетск изҳор доштааст, ки ташкили тӯйи исломӣ аз ҷониби маҳбусони мусалмон хуб истиқбол шуд. Ба гуфтаи Сергеев дар зиндонашон 140 мусалмон нигоҳдорӣ мешаванд, ки бисёрашонро тоҷикон ташкил медиҳанд.