Президент: “Хунро бо хун нашустаанд. Фақат мард метавонад, гуноҳи якдигарро бахшад”
Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 16 июн, дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, бо пахши як филми ҳуҷҷатӣ дубора нооромии солҳои 90-уми Тоҷикистонро ёдовар шуда, ба осонӣ ба даст наомадани сулҳи тоҷикон ва суботи кишварро гӯшзад кард.
Дар ин филми мустанад бо намоиши баъзе аз лаҳзаҳои имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон бештар аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон барои ба миён омадани субот ёдоварӣ ва аз ӯ ҳамчун ҷонибдори қотеи Ваҳдати миллӣ ном бурда шуд. Инчунин, порчаҳо аз суханрониҳои оқои Раҳмон дар робита низ оварда шудаанд, ки аз ҷумла ӯ зимни як баромади худ ҷонибҳои даргири нооромиҳои дохилии кишварро барои бахшиши якдигар даъват карда, таъкид мекунад, хунро бо хун шуста намешавад.
“Фақат мард метавонад, гуноҳи якдигарро бахшад. Ҳоло марҳилае мебошад, ки сутуни давлатдории тозаистиқлоли Тоҷикистонро мустаҳкам кунем. Миллат нест мешаваду давлат порча-порча мешавад. Мақсади мо ин аст, ки бибахшему гузашт кунем, хунро бо хун нашустаанд”,-изҳор медорад Эмомалӣ Раҳмон.
Муаллифони филми мазкур бо зикри сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, таъкид намуданд, бо вуҷуди ҳузур доштани афроди мухолифи сулҳи тоҷикон дар миёни гуруҳҳои ду ҷониб, устувории азму ироади Эмомалӣ Раҳмон боиси ба миён омадани ин оромӣ дар кишвар шудааст. Дар идома суханронии оқои Раҳмон дар ҷаласае дар Хуҷанд оварда шуд, ки мегӯяд: “То вақте дар қайди ҳаёт ҳастам, барои халқу ватанам хидмат менамоям. Агар гуруҳе, шахсияте имрӯз зидди сулҳу амният, зидди ин дастовард, зидди ваҳдати миллӣ, зидди эҳёи Тоҷикистон амал мекунад, душмани миллати тоҷику душмани мардум ва давлати Тоҷикистон мебошад.”
Ёдоварии муаллифони ин филми ҳуҷҷатӣ аз сулҳи тоҷикону ба миён омадани Ваҳдати миллӣ дар пайи заҳматҳои зиёд ва даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои бахшиши якдигар дар ин барнома замонест, ки дар он аз ҷониби дигари сулҳ номе гирифта намешавад. Дар ҳоле ки зери созишномаи сулҳ ду нафар - Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, имзо гузоштаанд.
Аз сӯи дигар бо гузашти 17 сол аз имзои созишномаи сулҳ аҳзоби сиёсии мухолифи Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ, ки худро як ҷониби имзокунандагони ин санад медонад, аз афзоиши фишору таъқиб болои пайравонаш дар солҳои охир шикоят дорад. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон дар пайи ҳамлаи гуруҳе ба ӯ баъди вохуриаш бо ҷавонон дар шарҳри Кулоб рӯзи 11 июн дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон аз риоя нашудани талаботи созишномаи сулҳи тоҷикон ва сиёҳшавии ҷониби дуюм аз сӯи бархе доираҳо шадидан ибрози нигаронӣ карда буд. Ӯ гуфт, “барои миллат сулҳ кардем ва гуфтем, фаромӯш шуд, дигар кинаву кудурат нест. Дар созишнома навиштем, ғазаби Худо ва лаънати Худо ба касе бод, ки он ҳодисаҳоро ёдовар мешавад барои сиёҳ кардани якдигар. Вале чӣ шуд, ки вазъ якбора тағйир хӯрд? Мо якдигарро бахшидем. Даҳ ҳазор муҷоҳидро ба давлат бахшидем, ки то ҳол марзу бумро аз душманон муҳофизат мекунанд. Мо ягон ҷиноят кардем, камбудӣ кардем? Агар ба мо мантиқона бифаҳмонанд, ки ҲНИТ замоне барои миллат, барои сулҳ даркор буду ҳоло ба амнияти Тоҷикистон хатар дорад, мо менишинем бо хоҳарону бародарон, маслиҳат хоҳем кард, қабул хоҳем кард. Вале бо ин роҳу услуб намешавад. Сиёҳ кардан, наворҳо. Чи гуна давлат наметавонад пеши роҳи ин ҳамаро бигирад? Оё намешавад, ки пеши роҳи онҳо гирифта шавад? Агар мақомоти мо ин қудратро надоранд, пули мардумро барои чӣ мегиранд? Ин ду сабаб дорад, ё аз уҳдаи кор намебароянд ва ё худашон шариканд. Варианти севум вуҷуд надорад.”
Имсол Тоҷикистон аз 17-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ таҷлил мекунад. Ин созишнома рӯзи 27 июни соли 1997, баъд аз чандин даври музокироти намояндагони ҳукумат ва нерӯҳои мухоифин, дар шаҳри Маскав имзо шудааст.