Як муҳоҷирзани тоҷикро дар Петербург барои талоши фурӯхтани навзод суд мекунанд
Дар Петербург ду муҳоҷирзан, ки яке шаҳрванди Тоҷикистон ва дигарӣ табааи Узбакистонанд, дар талоши фурӯши тифли ҳанӯз зода нашуда, муттаҳам мешаванд.
Дафтари матбуотии прокуратураи Петербург гуфтааст, парвандаи ҷиноии Сайлигул Нуралиеваи 28-сола ва Азиза Давуроваи 22-сола ба додгоҳи ноҳияи Красногвардейск ирсол шудааст. Гуфта мешавад, ин муҳоҷирон қасд доштаанд, ки тифли ҳанӯз ба дунё наомадаро бар ивази 25 ҳазор рубл бифурӯшанд.
Тафтишот муайян кардааст, ки Сайлигул ва Азиза бекор будаанд. Моҳи феврали соли 2014 онҳо барои фурӯхтани фарзанди ҳанӯз таваллуднашудаи Давурова маслиҳат мекунанд. Нуралиева нахуст барои бар ивази 6 ҳазор рубл фурӯхтани ӯ мувофиқа мекунад, аммо дар пайи гуфтугӯҳо дар таваллудхонаи №16, ин маблағ ба 25 ҳазор рубл мерасад. 7 март онҳо боздошт мешаванд. Ин муҳоҷирзанҳоро то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.