Эълони роҳбандӣ зимни сафари Навоз Шариф дар Душанбе
Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни сафари расмии Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон, ки рӯзҳои 17-18 июн дар назар аст, ҳаракати мошинҳо дар Душанбе маҳдуд хоҳад шуд.
Тибқи иттилоияи ниҳод, рӯзи 17 июн аз соати 11.30 то 13.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ-Айнӣ-Дониш-Сомонӣ то фурудгоҳ, аз соати 13.30 то 15.00 дар хиёбони Сомонӣ-Рўдакӣ-Майдони Дустӣ ва аз соати 17.00 то 18.00 дар хиёбони Сомонӣ аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ-Бухоро маҳдуд хоҳад шуд.
Инчунин Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, рӯзи 18 июн низ аз соати 09.00 то 12.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Сомонӣ аз хиёбони Сино то хиёбони Рудакӣ, хиёбони Рудакӣ аз кӯчаи Карамов то хиёбони Айнӣ, хиёбони Саъди Шерозӣ, кӯчаи Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Низомии Ганҷавӣ, роҳи Душанбе Хуҷанд-Чанок то бустонсарои беруназшаҳрии «Пуғуз» ва аз соати 14.00 то 15.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз бустонсарои беруназшаҳрии «Пуғуз» то фурудгоҳи байналмилалӣ дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Муҳаммад Навоз Шариф тайи сафари дурӯзааш ба Тоҷикистон бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазир Қоҳир Расулзода мулоқот хоҳад кард. Интизор меравад, ки тайи ин сафар 5 созишномаи дуҷониба дар соҳаи маорифу иқтисод имзо хоҳад шуд.