Бозпурсии дигарбораи Зайд Саидов дар бораи Фирташ
Муфаттишони Оҷонсии давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ахиран Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндонро бори дигар мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.
Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Саидов, имрӯз, 17 июн бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, мақомот бозпурсии зерҳимояашро, тибқи моддаи 245-и Кодекси ҷиноятӣ, барои азхудкунии молу мулк ташкил намуданд: “Аммо чизҳоеро пурсиданд, ки ба ин модда дахл надоштанд. Бештар дар робита ба фаъолияти Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ ва корхонаҳои марбут ба наздикони Зайд Саидов суол карданд.”
Қудратов афзуд, ки наметавонад, ҷузъиёти бештари ин бозпурсиро ифшо кунад.
Фирташ дар гузашта яке аз шарикони Зайд Саидов арзёбӣ мешавад, ки бо мусоидати ӯ ба Тоҷикистон даҳҳо миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Чанде пештар Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагии “Гулистон”-ро, ки 95 дарсади саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ ва 5 дарсадаш ба Хайрулло Саидов -- писари бузурги Зайд Саидов тааллуқ дошт, бе ҳузури саҳмдори асосӣ мусодира карда, дар ихтиёри Вазорати саноат ва технологияҳои нав дод.
Феълан баҳс сари корхонаи “Тоҷиказот” меравад, ки аксари саҳмияҳои он низ ба Фирташ тааллуқ доранд. Мақомоти тоҷик ба далели камбудиҳо зимни хусусигардонӣ аз додгоҳ хостаан Тоҷиказотро дубора давлатӣ кунад. Интизор меравад, ки мурофиа аз рӯи ин қазия охирҳои моҳи равон дар додгоҳи иқтисодии Хатлон оғоз гардад.
Дар маҷмуъ дороии Фирташ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳудуди 200 миллион доллар арзёбӣ мешавад.