Талаби 10 соли зиндон. Ризоияти вакили Шаҳболу эътирози ҳимоятгари Усмоналӣ
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душнабе гуфт, хулосаи худро дар бораи қазияи латту кӯби Шаҳбол Мирзоев, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сӯи ҳамхидматаш Усмоналӣ Ғайратов рӯзи 18 июн эълон хоҳад кард. Ҳоло додраси парванда ба хонаи машваратӣ рафтааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 16 июн намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе, хост, то Усмоналӣ Ғайратовро ба 10 соли зиндон маҳкум карда ва 12 ҳазор сомонӣ (300 нишондиҳанда) ҷарима бандад.Додситон Дилшод Исломов рӯзи 16 июн дар додгоҳ баромада карда, гуфт, Ғайратов бар асоси моддаи 373, қисми 2, банди “д”-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста мешавад.
Усмоналӣ Ғайратов рӯзи 11 июн ҳангоми суханронияш дар додгоҳ худро қисман гунаҳкор эътироф кард. Ӯ гуфт, “дар вайрон намудани оинномаи ҳарбӣ худро гунаҳкор меҳисобам ва аз кори кардаам сад бор пушаймонам. Ба саломатии Шаҳбол зарар расондам ва барои ин корам ҷавоб медиҳам.”
ИҚРОРИ УСМОНАЛӢ
ҶАВЛОН ТАСДИҚ КАРД, КИ...
НОМАИ ҶАВОБИИ ГЕНЕРАЛ
Оқои Исломов дар ин баромадаш, Гулрафтор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро, ба бемасъулиятӣ гунаҳкор донист. Ӯ аз додрас хост, фаъолияти Шириноваро дар ду соли оянда маҳдуд ва 15 дарсади маошашро ба ҳисоби давлат биситонад. Ба қавли додситон, шоме, ки Шаҳбол Мирзоев дар нуқтаи тиббӣ латту кӯб шуд, Гулрафтор Ширинова бояд навбатдорӣ мекард, аммо дар он ҷо набудааст. Парвандаи латту кӯби Шаҳбол Мирзоев ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ бар асоси моддаи 373, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ боз шуда буд.
Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев, бо ҷонибдорӣ аз суханҳои додситон аз додрас хост, дар хонаи машваратӣ ба масъалаи ҷуброни зарари моддӣ низ баҳои дуруст диҳад. “Маълум шавад, ки чӣ қадар зарари моддиро Усмоналӣ Ғайратов ва чӣ қадарашро нерӯҳои марзбонӣ пардохт мекунанд”,-афзуд ӯ. Аммо Абубакр Қулматов, ҳимоятгари Усмоналӣ Ғайратов аз додрас хост, айбнома нисбат ба зерҳимояаш бар асоси моддаи 118-и Кодекси ҷиноӣ бандубаст шуда, ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ гардад: “Муфаттиши парвандаи Усмоналӣ Ғайратов зимни тафтишот ба бисёр қонунвайронкунӣ роҳ додааст. Аз ҷумла, дар марҳилаи аввали тафтишот бе ҳузури вакили мудофеъ Ғайратовро бозпурсӣ намудааст.”
Дар идома вакили дифои Гулрафтор Ширинова низ суханронӣ карда, аз додрас хост, парванда нисбат ба нафари таҳти ҳимояташ пурра қатъ шавад: “Ширинова он рӯз худсарона ҷои корро тарк накардааст, балки аз роҳбараш иҷозат гирифтаст. Баъдан, бори аввал чунин кор шудаасту ӯ кӯдаки 4-солаи бемор доштааст.” Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Шаҳбол, мегӯяд, Усмоналӣ Ғайратов барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва нақзи оинномаи рафтори сарбозон муттаҳам мешавад ва ҳамроҳи ӯ Гулрафтор Ширинова, фелдшери нуқтаи тиббии қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, низ дар курсии айбдорӣ нишастааст. Ширинова барои хунукназарӣ ҳангоми иҷро кор муттаҳам мешавад.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Масъулини Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ин қазияро тафтиш доранд, гуфта буданд: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст.”
Вале Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латту кӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини саррраёсатро дар ин қазия рад кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштигирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш.Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ӯ бо сӯзан пай монда шудааст.”