Сафари Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати Сергей Наришкин ба Маскав
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 17 июн озими Маскав мешавад. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи раиси Маҷлиси Намояндагон, ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки ин сафари Зуҳуров бо даъвати расмии Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия, сурат гирифта, то 19 июн идома хоҳад кард.
“Аз 17 то 19 июн баробари дидор бо Сергей Наришкин, Шукурҷон Зуҳуров, инчунин, бо Валентина Матвиенко -- раиси Шӯрои федералӣ, Константин Ромодановский -- раиси Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мулоқот анҷом хоҳад дод”,-афзуд Султонов.
Манбаъ илова кард, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар доираи ин сафараш дар Донишкадаи заминсозии шаҳри Маскав, ки худ хатмкардаи он мебошад, суханронӣ хоҳад кард.