Вазифаи нави "эълоннашуда"-и Наҷмиддинов, вазири собиқи молия
Сафаралӣ Наҷмиддинов, ки моҳи ноябри соли гузашта бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон курсии вазири молияро холӣ карда, онро ба ихтиёри Абдусалом Қурбонов гузошта буд, вазифаи нав гирифтааст.
Ахиран нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон, “Ҷумҳурият”, бо Сафаралӣ Наҷмиддинов мусоҳибае карда, ӯро ба ҳайси раҳбари Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муаррифӣ намудааст. Ин дар ҳолест, ки баъд аз барканории Наҷмиддинов аз симати вазири молия ягон расонаи давлатӣ аз таъинаш ба вазифаи нав хабар надода буд.
Сафаралӣ Наҷмиддинов моҳи ноябри соли 1951 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шуда, аз соли 2000 то 2013 вазири молияи Тоҷикистон буд. Ба ин тартиб, бисёре аз аъзои ҳукумати пешини Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки баъди пирӯзияш дар интихоботи 2013 барканор шуданд, дубора ба ҳайати ҳукумат баргаштанд.