Сӯиқасд ба ҷони Орзу Исоев: Кори дасти Q-Net (“Кю Нет”)?
Орзу Исоев, муҷрии барномаи “Баҳси имрӯз” дар Радиои “Имрӯз”, мегӯяд, гӯиё намояндагони ширкати Кю-Нет ба ҷони ӯ таҳдид кардаанд. Ин ровӣ дар муроҷиати расмияш аз мақомоти тоҷик хостааст, алайҳи таҳдидгарон чораандешӣ кунанд.
Исоев дар шарҳи қазия гуфт, “намояндагони ширкат Кю-Нет ба воситаи зангҳои телефонӣ маро таҳдид мекунанд. Мегӯянд, дар пайи сӯиқасд ба ҷони ман ҳастанд.”
Муҷрии Радиои Имрӯз афзуд, таҳдидгарон аз рақамҳои 93 823 03 93, 918 24 22 11, 93 487 66 66 ба ӯ занг мезананд ва аз онҳое, ки шояд ин рақамҳоро мешиносанду аз дасти соҳибонаш фиреб хӯрдаанд, хоҳиш намудааст, бетараф набошанд. Ин хабарнигори тоҷик ахиран дар барномааш - “Баҳси имрӯз”, ки ҳамарӯза аз соати ҳафти субҳ то даҳи рӯз мустақиман пахш мешавад, фаъолияти ширкати “Кю-Нет”-ро ба баҳс кашид ва зимни барнома бисёре аз муштариёни ширкат онро мавриди интиқод қарор доданд.
Масъулини “Кю Нет” дар пайи пахши барнома Орзу Исоевро дар баррасии ғаразноку яктарафаи фаъолияти ширкат муттаҳам намуданд ва ҳушдор доданд, ки дар сурати идомаи ин кор аз ҳаққашон дар додгоҳ ҳимоя хоҳанд кард.