Боздошти посбони бӯстонсарои “Парасту” ба иттиҳоми даллагӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 20-солаи шаҳри Ваҳдат , посбони бӯстонсарои “Парасту”, бо иттиҳоми даллагӣ ё занҷаллобӣ хабар дод.
Масъулони ин ниҳод мегӯянд, “И.Ҳ. дар ҷойи кораш ба шаҳрвандон: Ҳ.С. (соли таваллудаш 1983), О.М. (соли таваллудаш 1987), М.Р. (соли таваллудаш 1990) ва С.Ф. (соли таваллудаш 1981) – истиқоматкунандагони ноҳияи Ваҳдат барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам намуда, аз онҳо 100 сомонӣ гирифтааст.”
Ба қавли онҳо, “инчунин, шаҳрванд Ш.Ш. (соли таваллудаш 1992), истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Хуросон дастгир карда шуд, ки ӯ аз моҳи майи соли ҷорӣ то инҷониб яке аз ошхонаҳои хусусиро дар ҳудуди истгоҳи Даҳанаи ҳамин ноҳия ба иҷора гирифта ба шаҳрвандон: Б.Г. (соли таваллудаш 1993), сокини Рудакӣ, Т.С. (соли таваллудаш 1992), сокини Абдураҳмони Ҷомӣ, Х.С. (соли таваллудаш 1985), А.Ш. (соли таваллудаш 1989), С.С. (соли таваллудаш 1990) ва Ю.М. (соли таваллудаш 1991) -- сокинони Хуросон барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё сохтааст. Ба ивази хизматаш аз онҳо як ҷуфт гӯшвори тилоии арзишаш 300 сомонӣ ва як телефони мобилии тамғаи “Нокия” гирифтааст”.
Боздошти бархе аз сокинони кишвар ба иттиҳоми даллагӣ ва танфурӯшӣ баъд аз як дастури Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, сурат мегирад. Оқои Раҳимзода дар оғози моҳи июн бо баргузории як ҷаласаи фаврӣ аз афзоиши ҷиноятҳои ахлоқӣ, аз қабили фоҳишагарӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ ва фасодхонаҳо изҳори нигаронӣ кардааст.
Бар асоси иттилои масъулони ВКД, Раҳимзода нисбат ба масъулони мубориза бо ҷиноятҳои ахлоқӣ ва харидуфурӯши одамон ҷазои сахти интизомӣ эълон карда, супориш додааст, дар ҷумҳурӣ барои пешгирии фоҳишагӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ, хариду фурӯши одамон, истисмори шаҳвонӣ, ташкил ва нигоҳдории фасодхонаҳо рейдҳои масус роҳандозӣ шаванд. Мақомот эълон карданд, танҳо баъд аз се рӯзи ин дастури Раҳимзода 505 фоҳишаро ба мақомоти умури дохилӣ оварда, аз ташхиси тиббӣ гузаронданд, ки 450 нафари онҳо мубталои беморӣ будаанд.