Се назар: Аз ҳуқуқи худ дифоъ карда метавонед?
“Озодагон” дар пасманзари сарусадо оиди афзоиши поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз соҳибназарон пурсид, ки “оё метавонед, дар шароити феълии кишвар аз ҳуқуқи худ дифоъ кунед?”
Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшинос
Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ягон нафаре ба пуррагӣ гуфта наметавонад, ки ҳуқуқҳои худашро дифоъ мекунад. Зеро, ки новобаста аз он ки дар мо қонунҳои хуб қабул шуданд, механизми амалӣ кардани онҳо ба пуррагӣ ба роҳ монда нашудааст, ин аз як тараф. Аз тарафи дигар шахсони мансабдор аз додраси қаторӣ сар карда, то дигар, масъулияташон ба дараҷае нест, ки дар пайи риоияи ҳуқуқҳои шаҳрвандон бошанд. Ин таҷрибаи ҳаётии мо аст. Ман вакили дифоъ ҳастам ва ҳар вақте, ки бо мушкиле рӯ ба рӯ мешавам муаррифии фаъолиятам каме такон медиҳад. Аммо муттасифона, ба пуррагӣ гуфта наметавонам, ки ҳуқуқҳоямро дифоъ карда метавонам.
Лутфулло Саидмуродов, вакили парлумон
Метавонем. Чаро не? Албатта, дар асоси қонунгузории кишвар метавонам. Агар касе ҳуқуқҳои маро поймол кунад ман метавонам ба додгоҳ муроҷиат кунам. Албатта ман ҳолатҳоеро дидаам, дар таҷрибаи корӣ вохӯрдаам ва мо метавонем ин чунин мушкилро ба воситаи қонунгузории кишвар ҳимоя кунем. Ман ҳамчун вакил, ҳамчун шаҳрванд метавонам мувофиқи қонун ҳуқуқҳои худамро дифоъ кунам.
Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигор
Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи фасод дар низоми додгоҳӣ ман ҳеч тасаввур намекунам, ки чӣ гуна метавонам аз ҳуқуқҳоям дифоъ кунам? Мисоли одии ин гуфтаҳо метавонад ҳамон матлабҳои беҳисоб дар сафҳаҳои матбуот бошад, шаҳрвандон ҳамеша аз низоми додгоҳӣ шикоят мекунанд. Дар кишвари мо вазъи иқтисодии инсон аҳамияти бештар дорад. Агар шаҳрванд иқтидори харидории ҳақи худро аз додгоҳ дошта бошад, пас ӯ тавони дифоъ аз ҳуқуқҳояшро дорад. Ҳеч гуна имконияти дигар барои ҳифзи ҳуқуқ вуҷуд надорад.