Волидони Алиҷони 4-сола пайдо шудаанд
Ҷамила Ҳусейнова, сокини шаҳри Душанбе, ки рӯзи 13 июн дар маҳаллаи “Сирк”, кӯдаки 4-солаи танҳо ёфта буд, ба “Озодагон” гуфт, аллакай волидони ӯ пайдо шудаанд.
Ҳусейнова дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Алиҷони 4-соларо гирёну танҳо баъди зуҳри 13-уми июн пайдо намуда, ба пулис хабар дод: “Бегоҳ тақрибан соатҳои 18 падару модари Алиҷон омада, ӯро гирифтаанд. Онҳо гуфтаанд, ки хонаашон наздикии Сирк аст ва вақти палосшӯӣ, Алиҷон аз наздашон дуртар рафта, раҳгум задааст”.