Шералӣ Хайруллоев: “Ҳукумат камбудӣ дорад, бекамбудӣ танҳо Худост!”
Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури амният, рӯзи 12 июн дар ҳузури Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, гуфтааст, нооромиҳои Хоруғ худ аз худ пайдо нашудаанд ва ишора ба изи хориҷиён кардааст.
Бар асоси иттилои торнамои “Импулс”, Хайруллоев, ҳангоми ҷаласае дар Хоруғ изҳор доштааст, ки сафарҳои чандбораи намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва сӯҳбату мулоқоти онҳо бо гурӯҳҳои алоҳида ба ин рабт дорад: “Мо ҳанӯз гуфта наметавонем, ки онҳо дар бораи чӣ сӯҳбат доштанд.”
Ба иттилои манбаъ, Шералӣ Хайруллоев фаъолияти кормандони мақомоти давлатиро низ интиқод намуда, гуфтаст, дар кори мо ҳам камбудиҳо ҳаст: “Агар гӯем ки мо кормандони ҳукумат камбудӣ надорем, дуруст нест. Аммо дигар ҳизбу ҳаракатҳо фақат гап мезананд, вале мо бошем кор мекунем. Касе, ки кор мекунад, ҳатман ба камбудӣ роҳ медиҳад. Бе камбудӣ танҳо Худост.”
Шералӣ Хайруллоев афзудааст, зиёда аз 20 рӯз боз дар Хоруғ қарор дорад ва ният дорад, ба наздикӣ бори дигар бо ҷавонон мулоқот намояд. Соҳибкор Фирӯз Амонбеков далели аслии қазияҳои ахир дар Хоруғро бекории ҷавонон арзёбӣ карда, таъкид намудааст, барои ҷилавгирӣ аз такрори онҳо ҳукумат барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ талоши бештар намояд. Инчунин, иштирокдорони ҷаласа хабарҳои бархе аз расонаҳои хориҷиро дар мавриди ҷудоихоҳии бархе аз бадахшониён беасос хондаанд.
Шодихон Ҷамшед, раиси Бадахшон, дар ин мулоқот иброз намудааст, ки агар созишномаи оштии миллӣ ба имзо намерасид, истиқлолияти кишвар ва якпорчагии Тоҷикистон зери суол мемонд: “Ин рӯз моро сарҷамъ кард ва имкон дод, то мо дувумбора ба эъмори сарзамини худ шурӯъ кунем”. Раиси вилояти Бадахшон бо зикри аҳамияти сулҳу субот таъкид намудааст, тамоми қишри ҷомеа бояд талош кунад, то ҳаводиси амсоли моҳи май дар Хоруғ такрор нашаванд.