Абдулқодирзода дар бораи Фиръавну Чингизу Гитлер, президент ва саҳобаҳо
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, аз хурду бузург хост, Худоро аз ёд набаранду дар ҳаққи раҳбарон дуои хайр намоянд, чун ба гуфтаи ӯ, ҳар нафаре аз ёди Парвардигор ғофил буд, ҳоло аз онҳо ному нишоне намондааст.
ФИРЪАВНУ ЧИНГИЗУ ГИТЛЕР КУҶО ШУДАНД?
Абдулқодирзода рӯзи 13 июн дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе, ки дар бораи раҳму шафқат ва бо ёди Худо будан, суҳбат мекард, гуфт, азбаски шахсиятҳои номдори вақти таърих ба монанди Фиръавну Гитлер ва Чингиз бо ёди Худо набуданд, имрӯз аз онҳо чизе боқӣ намондааст. Ӯ изҳор дошт, “Фиръавну Гитлеру Чингиз, ки даҳҳо миллион инсонро ба қатл расонидаанд, куҷо шуданд? Канӣ он ҳама зулму ситаму дигару дигар? Куҷо шуд? Оё онҳо бо Худо буданд?! Не. Ҳоло чӣ доранд? Ҳеч чиз! Вақте бо Худо набуданд, ҳеч чиз надоранд. Худованд мегӯяд, агар розигии маро аз даст додаед, ҳеч чиз надоред.”
Раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинон даъват кард, ҳамеша бо ёди Худо бошанду ӯро аз ёд набаранд: “Худованд мегӯяд, агар маро ёфтед, ҳама чизро дарёфтаед ва агар маро аз даст додед, ҳама чизро аз даст додаед. Агар инсон Худовандро аз даст дод, пас, чӣ дорад, агар дунёро ҳам дорад, чӣ қадар давом мекунад.”
ДАЪВАТ БАРОИ ДУО ДАР ҲАҚҚИ ПРЕЗИДЕНТ
Раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар идома аз намозгузорон бори дигар даъват кард, дар ҳаққи раҳбари худ дуои хайр намоянду аз лаънату бадгӯӣ ба сарварон худдорӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ба намудани дуои нек барои раҳбарон таъкид кардааст. “Дар ҳадиси паёмбар омадааст, Шумо раҳбару сардорҳои худро лаънат нагӯед, чун ин ба зиёни Шумост ва агар чӣ қадаре ғазаб карданд, Шумо гирифтор мешавед ва дуои нек кунед, чун агар онҳо дар кору ин барномаҳои худ комёб шуданд, комёбию осудагии Шумост”,-афзуд Сайидмукаррам Абдулқодирзода.
Абдулқодирзода бо зикри сафарҳои бархе шахсиятҳои воломақоми кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла Андрис Берзинш, раисиҷумҳури Латвия ба Душанбе гуфт, “сарвари давлат ҳамеша дар ҷустуҷӯи он аст, ки ин кишвар ободу пешрафта бошад. Ҳоло ҳар рӯз меҳмонҳо омада рафта истодаанд ва раҳбари давлат сафарҳо мекунанд. Албатта, ин ҳама ба хотири ободию пешравиҳои мардум аст.”
Ин дар ҳолест, ки Абдулқодирзода қаблан низ аз сокинони кишвар даъват карда буд, аз бадгӯӣ дар ҳаққи сарвари давлат (раисиҷумҳур) худдорӣ намуда, ба ҷои он дуои хайр намоянд. Ӯ дар як суханронии худ таъкид карда буд: “Раҳбари давлатро эҳтиром кунед, бад гуфтани раҳбари давлат ғазаби Парвардигорро меорад.” Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар шарҳи ин гуфтаҳояш таъкид карда буд, “адолати яксоатаи раисиҷумҳур баробар ба 60 соли ибодат мебошад, 60 соли ибодати обид ва яксоата адолати сарвари давлат ҳарду баробар аст. Чун як шахс ибодат кардааст, агар раҳбар дар як соат адолат кунад, 7-8 миллион аз он баҳравар мешаванд ва Худованд низ ба адади ҳар яки ин мардум ба ӯ некӣ менависад.”
"ДАШНОМ БА САҲОБАГОН ОФАТ АСТ"
Раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар охири хутбаи намози ҷумъа дубора ба масъалаи таҳқиру дашноми саҳобагону ёрони Муҳаммад (с) аз сӯи бархеҳо дахл карда, аз намозгузорон хост, дар ҳаққи муъминону мусулмонони гузашта сухани бад нагӯянд, чун хидмати онҳо дар роҳи Ислом охир надорад. Ӯ бо ибрози таассуф гуфт, бархе сокинон ҳоло ба унвони саҳобагону шахсиятҳои маъруфи олами Ислом дашном мефиристанд, ки ин ҳама ғазаби Худованду паёмбарашро меорад. “Ҳатто ба саҳобаву ҳамсарҳои паёмбар (с), ки хидматҳои шоёне барои инсоният кардаанд, ҳарфҳои бад мегӯянд. Ин як офат аст, инсонро ба азоби ҷаҳаннам мекашад. Лаънату бад гуфтан, ба мусулмонҳои гузашта инсонро ба ҷаҳҳанам мебарад”,-таъкид дошт, ӯ.
Ин даъвати дубораи раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинон дар ҳолест, ки ибтидои ҳафтаи равон Эшони Нуриддинҷон, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо низ, гуфта буд, ҳар нафаре дашном додани Абубакру Умар - ёрони паёмбар (с)-ро раво медонад, бидуни шак кофир шудааст. Ин руҳонии саршиноси тоҷик дар посух ба суоли корбари сайти Тӯраҷон.орг гуфт, “агар шахсе дашном додани шайхайн – Абубакр ва Умарро ҳалол ё ҷоиз медонад, пас бе шак кофир аст.” Ба қавли Эшони Нуриддинҷон, дашном додани ин ёрони паёмбар (с) аз бузургтарин гуноҳони кабира маҳсуб мешавад.