Чиниҳо парвози тайёра ба Панҷакентро барқарор мекунанд
Корхонаи муштараки тиллои «Зарафшон», ки аксари саҳмияҳояш ба чиниҳо тааллуқ дорад, фурудгоҳи шаҳри Панҷакентро таъмир намуда, ният дорад, дар хатсайрҳои «Душанбе-Панҷакент» ва «Хуҷанд-Панҷакент» парвози тайёраҳоро роҳандозӣ кунад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, то имрӯз 1950 метр хатти парвози фурудгоҳ таъмир гашта, таҷдиди бинои фурудгоҳ идома дорад.
Ба иттилои манбаъ таҷҳизоти ҳавонавардӣ ба ин фурудгоҳ аз кишварҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Русия ворид шудаанд. Манбаъ афзуд, ки бинои фурудгоҳ аз соли 1984 инҷониб таъмир нагардида, ҳуҷраҳои корӣ ва толорҳои хизматрасонӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуданд.
Дар назар аст, ки пас аз итмоми корҳои сохтмонӣ парвози тайёраҳо дар хатсайрҳои «Душанбе-Панҷакент» ва «Хуҷанд-Панҷакент» ба роҳ монда шавад.