Додгоҳ судяро «душмани халқ» эълон кард
Дар яке аз хаймаҳои шаҳраки хаймавии шаҳри Киев мурофиаи судӣ аз рӯи додгоҳи суди Печораи шаҳри Киев Родион Киреев, судяи мурофиаи собиқ сарвазири давлати Укроин Юлия Тимошенко, ба истилоҳ баргузор гардид.
«Суди халқӣ» ҳукм баровардаст, ки ҷаноби Киреев гунаҳкор мебошад ва «додхоҳони халқӣ» ӯро ба мӯҳлати 15-сол маҳбас ҳукм намудаанд. Гуфта мешавад, дар ин додгустарӣ раисии судро Дмитрий Илченко, ба ӯҳда доштааст. Ба гумони шоҳидон, якчанд намояндагони Радаи Украина аз ҳизби «Блок Юлии Тимошенко» баромад намуданд. Дар мурофиа ба ҷуз муҷозот ба маҳбас намудан, ҷаноби Киреевро ҳамчунин душмани халқи Украина эълом намудаанд. Гуфтанист, дар мурофиаи судӣ якчанд сокини шаҳри Киев, ки аз наздики хайма-суд мегузаштаанд, иштирок ва дидан кардаанд.