Мансаби нави Давлат Сафар дар Вазорати фарҳанг
Давлат Сафар, шоир ва собиқ раҳбари “Тоҷиккино”, ба мақоми сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъин шудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” як манбаъ аз Вазорати фарҳанг хабар дода, афзуд, рӯзи 13 июн муаррифии сардори нави раёсати табъу нашр дар ниҳоди мазкур баргузор гардидааст.
Давлат Сафар дар ин симат Сайфулло Қодировро иваз намуд. Давлат Сафар дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ аз мақоми раиси корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” барканор шуда, курсии худро ба Маҳмадкарим Соҳибов, директори собиқи киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” дод. Оқои Сафар ба ин вазифа ду соли пеш аз Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон омада буд, ки дар он ҷо ба ҳайси муовини аввали директор кор мекард.
Дар пайи таъин шудани Давлат Сафар ба раҳбарии корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” тарҷума ва фурӯши чанде аз филмҳои туркӣ, аз ҷумла “Ҳомиён”, манъ гардид. Агарчӣ баъдан баъзе аз ин филмҳо дубора тарҷума ва ба фурӯш бароварда шуданд.ф