Ҳабси ҳамлавар ва ҳимоятгари Муҳиддин Кабирӣ дар Кӯлоб
Додгоҳи шаҳри Кӯлоб дар робита ба қазияи ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон ду нафарро ба ҳабси 5-рӯзӣ маҳкум кардааст, ки яке аз онҳо узви ҲНИТ–Насруллоҳ Раҷабов мебошад.
Бино ба иттилои Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, Насруллоҳ Раҷабов барои дашноми ҳамлаварон ба Муҳиддин Кабирӣ 5 рӯзи ҳабс гирифтааст. Ӯ аз қавли мақомот афзуд, ки яке аз ҳамлаварон ба Кабирӣ низ 5 рӯз зиндонӣ шудааст.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов мегӯяд, феълан дар робита ба ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ мақомот фаъолони ҳизбро дар минтақа мавриди бозпурсӣ қарор додаанд: “Баробари Насруллоҳ Раҷабов аз Себистон, ки 5 рӯзи зиндон гирифт, инчунин фаъолони дигари ҳизб-Дилшод Ғаффоров, аз деҳаи Кафтари ҷамоати Доғистони Шӯрообод, Муҳаммадшариф Набиев, раиси шӯъбаи минтақавии ҳизб ва инчунин сокинони Кӯлоб-Абдусамад Ғайратов, Ҷомӣ Ҳабибов, Сулаймон Қаландаров, Исмоил Талабов ва Бобораҳмон барои бозпурсӣ даъват шудаанд.”
Дар ҳамин ҳол мақомот ба масъулини ҲНИТ гуфтаанд, аз ҳисоби ҳамлаварон низ ҳудуди 20 нафар мавриди бозпурсӣ қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ бо помидору тухм рӯзи 10-уми июн, баъди мулоқоти раиси ҲНИТ бо аъзои ҳизб сурат гирифт. Ин қазияро вакилони парлумони Тоҷикистон маҳкум карда, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ барои таҳқиқи он гуруҳи махсуси корӣ равона намудааст.