ҲИУ масъулияти ҳамлаи фурудгоҳи Покистонро бар душ гирифтааст
Ҳаракати Исломии Узбакистон бо нашри як изҳорот ва акси даҳҳо ҷангӣ дар интернет гуфтааст, ҳамлаи 9 июн дар фурудгоҳи Пакистон кори дасти онҳост.
“Шоми, 9 июни соли 2014, 10 ҷанговари ҷасури ҲИУ ба минтақаи махсуси фурудгоҳи Қарочӣ ҳамла кард. Амалиёти ҷангӣ 6 соат идома дошт ва муҷоҳидони мо қисмати бештари таёраҳои ҷангандаи амрикоиро нобуд карданд”,-омадааст дар изҳороти Ҳаракати исломии Узбакистон, ки торнамои Furqon нашр кардааст.
Дар идома гуфта мешавад, “ҳамчунин ба неруҳои махсуси ҳукумати Покистон зарба зада, ҷангиёни шуҷои мо шаҳид гардиданд”. Далели ҳамла ба фурудгоҳи байналмилалии Ҷинн дар Қарочиро, ки дар пайи он 39 кас кушта шуд, ҲИУ бомбандозиҳои тайёраҳои артиши Покистон ба вилояти Вазиристони ин кишвар арзёбӣ кардааст. “Ин қасос барои куштори аҳолии осоишта, муҳоҷирон ва занону духтарони онҳо буд”,-омадааст дар изҳорот.
Зери изҳорот имзои Усмон Ғозӣ аст, ки худро амири ҲИУ муаррифӣ кардааст, менависад Uznews.net.