Доллар дар Тоҷикистон арзонтар шуд
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳафтаи равон қурби доллари ИМА ва рубли русӣ дар кишвар поён рафтааст.
Ба иттилои манбаъ қурби миёнаи доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори кишвар то ба 5,0950-5,1130 сомонӣ фаромадааст: “Қурби миёнаи рубли русӣ ва евро низ дар ин ҳафта каме паст шуда, феълан арзиши як рубл 0,1452-0,1462 сомонӣ ва евро 6,9130-6,9390-сомониро ташкил медиҳад.”
Бонки миллӣ меафзояд, рӯзи 12 июн қурби миёнаи доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба 5,0900-5,1080 сомонӣ, Хуҷанд ба 5,1000-5,1100 ва Қӯрғонтеппа ба 5,0800-5,1000 сомонӣ баробар будааст.